Arzon march 2024
Дар роҳи ағба 4 кас таги тарма монд
714


Тағйирёбии боду ҳаво ва боришоти шадид дар рӯзҳои истироҳат ба сари чанд оила мусибату бадбахтӣ оварда, чандин хонаро мотамсарой гардонд. Бар асари офатҳои табиӣ 4 нафар ҷони худро аз даст доданд...

Филиали ширкати IRS, ки масъулияти роҳи Душанбе - Чаноқро бар дӯш дорад, аз марги фоҷиавии 4 нафар бар асари фаромадани тарма дар ин роҳ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, як мошини тамғаи “Мӯсо” дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зери тарма монда, се нафар мусофирони ин мошин дар ҷои ҳодиса ва як нафари дигар ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Як мусофири дигар, ки бар асари тармафароӣ ҷароҳат бардоштааст, дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон таҳти назорат ва табобати табибон қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД