Рӯзи 18-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои мақомоти шаҳр, ин чорабинии варзишӣ дар асоси қарори Раиси шаҳр баргузор шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва намояндагони кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии баргузории ниммарафон таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо шаҳрҳои ҳамшарик, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш мебошад.
Интизор меравад, ки чорабинӣ бо иштироки васеи дӯстдорони давидан ва ҳаводорони варзиш дар фазои идона баргузор гардида, ба як рӯйдоди муҳими варзишии пойтахт табдил ёбад.