Имрӯз, 4-уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намудаанд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намудааст, ки озмуни «Хонандаи сол» яке аз воситаҳои муҳими дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони лаёқатманд буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва ташаккули малакаҳои эҷодиву таҳлилӣ мусоидат менамояд. Зикр гардидааст, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.