Дар шаҳри Душанбе мардеро барои бе иҷозат хона сохтан ҷарима карданд
75

Дар шаҳри Душанбе нисбати як мард барои бидуни иҷозат бунёд намудани манзили истиқоматӣ парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

“Шаҳрванд Идрисов Тоҷиддин дар маҳаллаи Мехкалон бе иҷозатномаи дахлдор манзили истиқоматӣ бунёд намудааст. Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 427 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд”,- омадааст дар хабар.

Мувофиқи ин банди қонун барои худсарона, бидуни иҷозатнома бунёд намудани обектҳои гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматӣ шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешаванд, ки аз 3900 то 7800 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани объектҳои таъйиноти мухталиф, аз ҷумла бунёди манзили истиқоматии шахсӣ иҷозати дахлдори мақомоти ваколатдори назоратӣ дар соҳаи сохтмон зарур аст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ҳангоми бунёди манзили истиқоматӣ муқаррароти қонунгузориро риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД