goodwell
Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мешаванд
20.05.2026
Oila.tj
91

Рӯзҳои 20-23-юми май дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои Санкт-Петербург баргузор мегарданд, ки ба 35-солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург бахшида мешавад.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузории вохӯриҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, нишастҳои тиҷоратию корӣ, намоишгоҳи аксҳо, барномаи фарҳангӣ, доир намудани амалиёти муштараки тиббӣ, табодули таҷрибаи маорифчиён, ҷавонон, сохторҳои сайёҳӣ ва шиносоӣ аз маконҳои сайёҳию таърихии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки байни шаҳри Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ баста шудааст. Шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол байни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобили судманди онҳо густариш меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД