Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин хусус расонаҳо бо истинод ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳанд. Ба иттилои ин манбаъ, чунин электробуси истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст дорад ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.