goodwell
Дар Шаҳринав толори нави футбол сохта шуд
90

Дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол толори хурди варзишии футбол сохта ба истифода дода шуд.

Толор бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва соҳибкорони бонангу номуси диёр бунёд гашта, имконият фароҳам меорад, ки мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни солимгардонӣ дар сатҳи баланд баргузор гарданд.

Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш, бахусус футбол дар мамлакат торафт рушд ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дӯстдори футбол муаррифӣ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД