formula
Дар шумораи №18 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
04.05.2022
ОИЛА
843

 Дар шумораи №18 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шаҳроми Абӯбакр тарки саҳна кард?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон таҳти унвони “Анисаи Азиз ҳоҷибибӣ шуд?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Шавҳари алкаш!” сарнавишти зане аст, ки баъд аз дарду ранҷи зиёд билохира ба орзуҳои худ мерасад, вале боз ҳам дучори ноадолатиҳои тақдир мегардад.

Дар саҳифаи 4 тақвими вақтҳои намоз аз 4-ум то 31-уми майи соли 2022 ва чанд савол аз ҷониби хонандагон ва посухи мутахассисони маркази исломӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардад.

“Арӯси фурӯхташуда” қиссаи духтарест, ки ба ҳирси пулу мол дода шуда, зани чоруми як марди сарватманду ҳамсоли падари худ мегардад.

“Ҷамшуд бомж шуд” маводест дар бораи зиндагиву фаъолияти ҳунарии актёри рус Валерий Магдяша, ки барои тоҷикон ҳамчун Ҷамшуд аз шоу-барномаи “Наша Рussia” шинос аст.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Зан кал мешавад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба рехтани мӯйи сар ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин падида маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.

Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” маслиҳатҳои муфид оид ба нигоҳубини пӯсти рӯй ва тарзи омода намудани ниқобҳои мевагин дастур дода шудааст.

“Шавҳари гумном, духтари маъюб ва зиндагии сангини Фотима” чунин унвон дорад зиндагиномаи як зани бенаво, ки бо ду фарзандаш дар кӯча монда, бо чойфурӯшӣ рӯзи худро мегузаронанд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД