Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар усули муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) барои табобати омосҳои ҷигар бомуваффақият ҷорӣ ва амалӣ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, тавре Акбар Муродзода, директори маркази мазкур иброз доштааст, ҷорӣ намудани ин технология марҳилаи муҳим дар рушди онкологияи интервенсионӣ ва ҷарроҳии камзахмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имкониятҳои табобати муосири беморони гирифтори бемориҳои онкологиро васеъ менамояд.
Ба гуфти номбурда, аблятсияи микромавҷӣ усули баланди технологии камзахмӣ буда, истифода аз энергияи электромагнитии басомади зиёд боиси баланд шудани ҳарорати бофта ва ба вуҷуд омадани некрози коагулятсионии ҳуҷайраҳои омосӣ мегардад. Ин усул бо самаранокии баланд, бехатарӣ ва имконияти истифода дар бемороне, ки барои ҷарроҳии анъанавӣ маҳдудият доранд, фарқ мекунад.
Амалиётҳо бо истифода аз дастгоҳи муосири аблятсияи микромавҷии ECO таҳти назорати ташхиси ултрасадо ва томографияи компютерӣ гузаронида мешаванд. Мудохилаҳо тибқи протоколҳои байналмилалӣ бо банақшагирии пешакӣ, ҷойгиркунии дақиқи электродҳо дар маркази омос, назорати ташаккули минтақаи аблятсия ва коагулятсияи канали пунксионӣ бо мақсади пешгирии оризаҳои баъди ҷарроҳӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки қаблан барои гузаронидани чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ шаҳрвандони кишвар бо харҷҳои зиёд ба хориҷи кишвар сафар мекарданд.