orienbank akciya
Дар Тула сардори Хадамоти муҳоҷиратро ҳабс карданд
493

Дар Тула сардори Хадамоти муҳоҷиратро барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд. Ҳамроҳи сардори хадамот 3 ҷонишинаш низ боздошт шудаанд. Дар ин бора tsargrad.tv хабар додааст.

“Шаби гузашта дар Тула сардори Хадамоти муҳоҷиратро боздошт намуданд. Ҳамроҳи ӯ се нафар ҷонишинҳояш низ дастгир шудаанд. Нисбати боздоштшудагон барои бо роҳи ғайриқонунӣ дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани зиёда аз 700 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”,- хабар медиҳад манбаъ.

“Царьград” дар такя ба як манбаъ дар мақомоти қудратӣ иттилоъ додааст, ки боздошти ин мақомдори Вазорати умури дохилии Русия соатҳои 12 ба 1-и шаби 17-уми май сурат гирифтааст.

Нисбати сардори Хадамоти муҳоҷирати Тула ва ҷонишинҳояш бо ду банди Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия - қисми 2-и моддаи 322.1 (ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ) ва қисми 1-и моддаи 285 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ) парванда оғоз карда шудааст. Ба иттилои манбаъ, сардори Хадамоти муҳоҷират ва ҷонишинҳояш тӯли се соли охир муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қалбакӣ дар қайди муҳоҷиратӣ мегузоштаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон дар ин муддат ба зиёда аз 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои сохта тартиб додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД