goodwell
Дар вилояти Суғд як раис 2 ҳамдеҳаашро паррондааст
29.04.2026
Oila.tj
155

Рӯзи 27-уми апрел дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фоҷиаи хунин рӯй дода, раиси як хоҷагии деҳқонӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқи шикорӣ захмӣ кардааст. Мутаассифона, ҳарду бар асари ҷароҳати бардоштаашон ҷон додаанд.

Тавре журналист Фарзона Муродӣ дар такя ба гуфтаҳои муовини раиси ҷамоати Хистерварз Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов навиштааст, раиси хоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримови деҳаи Хистеварз Хуршед Мавлонови 46-сола бо милтиқи шикорӣ ҳамдеҳагонаш Наимҷон Ҳоҷибоеви 47-сола ва Шариф Султонови 41-соларо паррондааст ва дар натиҷа ҳарду ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ки сабаби сар задани ин ҳодисаи нохуш маблағ аст, вале баҳси гумонбар ва ҷонбохтагон сари кадом пул буд, маълум нест. Сокинони деҳа аз милтиқи шикорӣ доштани Хуршед Мавлонов огоҳ будаанд.

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рӯй додани кушторро дар ҷамоати Хистеварз тасдиқ намуда, ба хотири халалдор накардани рафти тафтишот аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон низ дар вилояти суғд куштор рӯй дода, корманди ҶДММ “Кабири Хуҷанд” Алишер Ҷӯраеви 30-сола ҳамкораш Иқбол Носирови 40-соларо корд зада буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД