sebiston july new
Дарахти сархӯр риштаи умри Ҳабибуллоро барканд
910

 

Дар ҳақиқат ҳаёти одамӣ ба як қатра ашки сари мижгон мемонад ва инсон намедонад, ки аждари марг кай ва дар куҷо гирбонгираш гашта, риштаи умри ӯро бараҳмона меканад.

Яке бар асари дарду беморӣ ин ҷаҳонро падруд мегӯяд, дигарӣ дар садама мемирад, саввумӣ ба коми оташ ва ё об афтида, ҷони ширини худро аз даст медиҳад, гоҳо чунин мешавад, ки ҳатто як дарахти сари роҳ метавонад боиси канда шудани риштаи умри одамизод гардад. Ҳодисаи нохуше, ки дар шаҳри Ваҳдат рӯй додааст, далели равшани ин гуфтаҳост...

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи ногувор, ки боиси талафоти ҷонӣ ва марги як марди баркамол гаштааст, хабар медиҳад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, субҳи 4-апрел, тахминан соатҳои 8.20 дақиқа дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод-Роғун садамаи нақлиётӣ сар зада, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки дар сари чамбаракаш Саидов Хуҷандии 35-сола нишаста буд, бо сабаби аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромадани ронанда ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Бадбахтона, бар сари ин садама мусофири мошини мазкур Саидов Ҳабибулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Чаманзор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД