Arzon march 2024
Даргузашти муовини вазири корҳои дохилӣ
1106

 

Имрӯз муовини Вазири корҳои дохилии кишвар, полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон аз олам даргузашт.

Дар ин бора сомонаи ВКД бо нашри як номаи тасаллият  иттилоъ додааст.

Дар бораи сабаби марги ин мақомдори баландрутба чизе гуфта нашудааст.

Муборакқадамзода Абдураҳмон 15-уми сентябри соли 1971 таваллуд шудааст. Соли 1999 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 Адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро хатм намудааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Муборакқадамзода А.Н. фаъолияти худро соли 1994 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳайати қаторӣ – нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд.

Соли 2004 ба Адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташкили ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Сипас, фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳайси сардори шуъбачаи пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд идома додааст.

Мавсуф соли 2010 ба вазифаи сардори шуъбачаи барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд, соли 2012 ба ҳайси муовини сардори ҳамин Шуъба ва солҳои 2013-2014 иҷрокунандаи вазифаи сардори Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд, аз моҳи апрели соли 2014 то соли 2015 муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оид ба корҳои оперативӣ, соли 2015 муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғи РВКД дар ВМКБ адои вазифа намудааст.

Ҳангоми адо намудани хизмат оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳодисаҳои ш.Хоруғ моҳи ноябри соли 2021 аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо корд аз пушт ҷароҳати вазнин бардошта, 3 моҳ бистарӣ мегардад.

Ӯ аз 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то лаҳзаи фавт ба халқу Ватан содиқона хизмат намуд.

Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ - медали «Ҷасорат» ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона ба хонаводаи марҳум изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД