shoh palace
Даҳшат!!! Арӯсшаванда кӯдаки 8-соларо зада-зада кушт!
1302


Пошхӯрии оила боиси аз меҳру муҳаббати волидон дур мондани атфол гашта, дар бештари ҳолатҳо маҳз кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, аз ҷониби атрофиён мавриди зӯроварӣ, лату кӯб ва озор қарор мегиранд.

Ҳодисаи нохуше, ки рӯзи 27 –уми март дар шаҳри Бохтар сар зада, боисимарги як кӯдаки маъсум гаштааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Дар шаҳри Бохтар як хонандаи синфи 2 аз ҷониби як зани 25-сола ба таври бераҳмона кушта шудааст. Тавре, ки хабаргузории Азия плюс мегӯяд, кӯдак бар асари лату кӯби зиёд ба ҳалокат расидааст.

Зане, ки дар марги кӯдак гумонбар дониста мешавад, арӯсшавандаи хонаводаи тифли маъсум будааст. Волидонаш аз ҳам ҷудо шуда, кӯдак ҳамроҳи падараш зиндагӣ мекардааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи арӯсшавандаи хонавода вогузор шуда будааст ва рӯзи 27-уми май ин духтари 25-сола, ки бяд арӯси ин оила мешуд, аз набудани падараш истифода бурда, кӯдаки бечораро зери мушту лагад мегирад ва баъди лату кӯби бераҳмонаи кӯдаки маъсум ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, худаш аз хона баромада меравад. Мутаасифона, кӯдак бар асари лату кӯбӣ шадид дар роҳ ба сӯйи бемористон ба ҳалокат расидааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, кӯдаки фавтида хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 8- шаҳри Бохтар будааст.

Айни замон зане, ки дар куштори кӯдак гумонбар дониста шудааст, дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тахмин меравад, ки нисбаташ бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД