sebiston july new
Даҳшат! Писар падарро 7 корд зад!
3141

Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, вале баъзе фарзандони нохалафе ҳастанд, ки натанҳо ҳурмату эҳтироми волидайнро ба ҷо намеранд, балки бераҳмона ба дили падар ё модаре, ки бо хуни ҷигар ба дунёашон овардаву парвардааст, корд мезананд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи нангини падаркушӣ дар Вилояти Суғд хабар додааст...
Тавлиди писар барои ҳар як мард, хоса барои ҷавонмардони тоҷик ва мусалмон бузургтарин неъмат аст. Падарон дар симои писаронашон натанҳо меросхӯр, балки такягоҳи боэътимоди худро дар зиндагӣ дида, тамоми дору надори худро сарфи тарбияи писар менамоянд. Падар бо садҳо умеду орзуҳои ширин худ нахӯрда луқмаро ба даҳони писар мениҳад, худ напӯшида, беҳтарин либосро ба писараш мепӯшонад ва агар зарур ояд, ҳатто ҷонашро низ барои писараш дареғ намедорад,то дар дами пирӣ писар асои дасташ гардад, аммо писарони нохалафе ҳастанд, ки мисли мори дар остин парварда, баъди ба камол расидан қасди ҷони падари худ менамоянд. Яке аз чунин фарзандони бадниҳод падарашро кордборон кард...
Тавре ки Вазорати умури дохилӣ хабар медиҳад, ҳодисаи нангини падаркушӣ рӯзи 29-ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зада, байни як ҷавони 19-солаи сокини ин ноҳия ва падари 47-солааш дар манзили истиқоматиашон ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст. Дар рафти ин муноқиша писар ба сари падар корд кашида, ба узвҳои ҳаётан муҳими падараш 7 маротиба корд задааст.
Марди 47-сола бар асари захмҳои корд аз дасти писари нохалаф ба ҳалокат расида, ҷавони шайтонсирати беандешаи падаркуш аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишотӣ боздошт ва нисбаташ бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД