arzon replenishment
Дашти Ҷум-макони мӯъҷизаҳои табиат
2601


Чанде қабл бо як ҳайат озими мамнуъгоҳи “Дашти Ҷум”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шудем. Дар тамоми роҳ тасодуфҳои ҷолибе рӯй доданд. Ба хотири огоҳӣ моро то охир ҳамроҳӣ кунед.

Гузаре аз “Роҳгузар”

Баъди пушти сар мондани ағбаҳои масири Норак нахустин истгоҳи мо бозорча ё маркази савдои “Роҳгузар” буд, ки бо дангичаву пистаҳои худ маъруф аст. Мошинҳо ин ҷо ист карданд, то онҳое, ки бори нахуст ба ин минтақа омадаанд, барои худ чизе тӯшаи роҳ бигиранд.

Пиёдагардӣ дар Данғара

Дар идома ин роҳ Данғара ҳайати моро шефта кард, зеро воқеан чанд соли охир ин диёр таровати дигар гирифтааст ва онҳое ҳам чанд сол қабл ин ҷо буданд, бо чашми харидорӣ ба ҳар ҷониб менигаристанд. Ба хотири сайри бештар дар мавзеи маъруф ба номи “развилка”, ки ноҳияҳои Ҳамадониву Фархору Восеъро аз Данғара ҷудо мекунад, пиёда шудем.

Одоби шарқиёна

Аз ин сафари хотирмон барои ман ҷолибтарин нукта одоби саломи пирони деҳаҳои сари масир буд, ки баробари дидани мошини мо аз ҷойҳои худ бархоста, даст пеши бар гирифта, салом мегуфтанд. Мо ҳам бахотири посух ба саломашон аз тирезаҳо сар бароварда калла меҷунбонидем.

Дидор бо соҳиби “Гуфтаи мардак”

Оне, ки вориди ҷамоати Саричашма мешавад, ҳатман сар мезананд ба мағозаи хӯроквории “Гуфтаи мардак”, ки сари роҳ қарор дорад. Мағозаи мазкур ба хотири соҳибаш маъруф аст ва қиссаи ҷолиберо ҳам дар пай дорад, ки чунин аст: чанд сол қабл ин мавзеъро сел хароб мекунад ва кормандони ТВ “Кӯлоб” ба хотири рафъи мушкилу инъикоси вазъ мераванд ба макони офатзада. Қаҳрамони мо чун вакили деҳ бо онҳо суҳбат мекунаду қабл аз гуфтани тамоми ибораҳо ҳатман “гуфтаи мардак” мегӯяд. Бо исрори батакрори журналист ӯ талош мекунад, то ин ибораро истифода накунад, вале “дили одаткарда – балои ҷон” боз “гуфтаи мардак” мегӯяду бо ҳамин дар интернет машҳур мешавад ва мухлисон унвони мағозаашро ҳамин гуна мегузоранд, ки хеле ҷолиб аст.

Субҳи деҳа

Ба фарқ аз пойтахти кишвар субҳи Саричашмаро дигаргуна дарёфтем: хунук, сершамол, атрогин. Воқеан, таровати дигар дорад субҳи деҳа, вақте он бо маоси бузу гӯсфандону баоси говон ва ҳай-ҳайи чӯпону подабон оғоз мешаваду бо ширпазии занон ва бакорравии мардон хатм. Ин ҷо кас то вазиши насими субҳ аз хоб пурра сер мекунад ва мо ҳамин гуна бо кушодани чашми саҳар роҳ пеш гирифтем ҷониби худи мамнуъгоҳ, ки андаке дуртар аз маркази идоракунӣ ҷойгир буд.

Дар домани пистазор

Ба маълумоти Баҳодур Икромов, директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», ин макон ягона мамнуъгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар он намудҳои нодири олами наботот, аз қабили писта, зираи бухороӣ, намудҳои нодири рустаниҳои таҳҷоӣ, чун бодоми Вавилов, олуи дарвозӣ, намудҳои гуногуни арча, арчаи зарафшонӣ, фарк, хуч, дулона, дарахти туғ, намудҳои гуногуни пиёзи кӯҳӣ, моил, камол ва ғайраҳо мерӯянд. Воқеан, пистаҳои ин диёр ширинанду хушмазза ва барои мо ҷолиб буд хӯрдани писта бо пӯчоқаш аз шохи дарахт. Чунон зиёд буданд дарахтони писта, ки ба шумурдан ҳам ҳисобашро наёфтем.

Дар бораи мамнуъгоҳ

Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» соли 1983 бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири ин минтақа, аз ҷумла бӯзи кӯҳии пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвоноти ин минтақа дар масоҳати 19,7 ҳазор гектар дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар ҷанубу ғарби силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ бо қисми ҷараёни рости дарёи Панҷ, аз рости соҳил дар баландии 700-3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз самти шимол ба ҷануб 18 км ва аз ғарб ба шарқ 25 км тӯл кашидааст, ташкил гардидааст. Аз он 2987 гектарро заминҳои ҷанггалпӯши табиӣ, 1693 гектарро ҷангалзори тунук, 15 020 гектарро заминҳои аз ҷангал холӣ, 73 гектарро марғзор, 1194 гектарро даштҳо, 25 гектарро обҳо, 20 гектарро боғҳо, 1 гектарро роҳҳо, 41 гектарро қумзор ва 1 гектарро биноҳои маъмурӣ ташкил медиҳанд.

Дар экосистемаҳои табиии мамнуъгоҳ беш аз 1400 намуди растаниҳо мерӯянд, ки 160 намудашон таҳҷоӣ буда, 39 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Инҳо ҳолмон, бениуми форсӣ, пиёзи анзур, пиёзи Суворов, лолаи ҷангалӣ, гули сиёҳгӯш ва ғайра мебошанд.

Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ ҳам бою гуногун буда, ба 233 намуд ҷудо мешавад, ки 52 намудашонро ширхӯрон, 139 намудро парандагон, 20 намудро хазандагон, 14 намудро обхокиҳо ва 8 намудро моҳиҳо ташкил медиҳанд. Аз ин намудҳо 17 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯршапараки гӯшкалон, хирси маллаи тиёншонӣ, сагобии осиёи миёнагӣ, силовсини туркистонӣ, бабри барфӣ, фанак (манул), мири мушон, оҳуи бухороӣ, бузи пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, аз парандагон лаклаки сиёҳ, бургут, уқоби ришдор, уқоби морхӯр, лочин ва инчунин мори кубро дохил карда шудаанд. Инчунин дар мамнуъгоҳ 3000 намуди ҳашарот вомехӯрад.
Ба иттилои Баҳодур Икромов, директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», дар мамнуъгоҳ дар самти ҳифз ва омӯзиши табиати нотакрори ин минтақаи кӯҳистон аҳамияти калон дошта, бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бабри барфӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва бузи пармашох, ки саршуморашон дар мамнуъгоҳ беш аз 800 сар аст, корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намуд ҳайвонҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Масъулин таъкид карданд, ки мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» ягона муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буда, рисолаташ ғайр аз ҳифзи ҳудудҳои мамнуъгоҳ инчунин омода намудани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати ғамхорона ба олами набототу ҳайвонот мебошад. Ҳамзамон саҳми мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба конвенсияҳои СММ оид ба гуногунии биологӣ ва ҳайвоноти кӯчбанд калон аст.

Ҷалби сайёҳон

Кормандони мамнуъгоҳ нақша доранд бо назардошти истифодаи оқилона ва самарабахши манзараҳои нотакрор ва дилфиреби табиати «Дашти Ҷум» барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба экосистемаҳои табии мамнуъгоҳ, муайян намудани мавзеъҳои сайёҳии мамнуъгоҳ ва ташкили хатсайрҳои экологӣ, ҷалби сайёҳон, ташкили маркази омодасозии армуғонҳо барои сайёҳон ва муаррифии онҳо, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар бахши сайёҳии экологӣ бо ташкилоти сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дарвоқеъ, «Дашти Ҷум»- ин гӯшаи назаррабо ва нотакрори табиати Тоҷикистон дорои зарфияти бойи табиию сайёҳист, ки метавон зимни истифодаи самаранок аз иқтидори мавҷудаи он ва фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурии марбут ба рушди сайёҳӣ дар атрофи он, хусусан роҳ ва дигар иншооти хизматрасонию иҷтимоӣ дар он туризми экологиро рушд дод ва сайёҳони хориҷиро ҷалб сохт, зеро дар ин минтақа замина ва шароити мусоид барои рушди туризми экологӣ фароҳам оварда шудааст.
Мирсаид Сатториён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД