arzon replenishment
Дастаи "Истиқлол"-и тоҷик "Ҳоҷӣ" шуданд!
809

 

Бо сарварии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона гузаронид.

Вохӯриҳо дар шаҳри Абҳаи ин кишвар доир гардида, бо ғалабаи футболбозони араб (1:0 ва 3:0) анҷом ёфтанд.

Бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ барои футболбозони ҷавони тоҷик яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошанд. 

Пас аз анҷоми бозиҳои дӯстона тамоми ҳайати даста барои адои маросими ҳаҷ ба Макка, ки дар 60 километрии шимоли шаҳри Абҳа воқеъ аст, раҳсипор шуданд. Ба футболбозони ҷавони тоҷик хушбахтӣ насиб гардид, ки ин сафарашон ба мавсими адои ҳаҷи фарзӣ дар Арабистони Саудӣ рост омад.

Унвони "Ҳоҷӣ шудан"-ро тақрибан ҳамаи мусалмонон орзу мекунанд ва ифтихор ҳам менамоянд. 

Дастаи футболбозони “Истиқлол” (Душанбе) имсол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар Арабистони Саудӣ иштирок намуда, дар гурӯҳ зинаи охиринро ишғол намуданд. Пас аз анҷоми мусобиқа ҳамаи футболбозон дар Каъбаи муқаддас маросими ҳаҷҷи умраро адо карданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД