Дастаи мунтахаби Испания дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 тими Фаронсаро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода, аввалин шуда роҳхати финалро ба даст овард.
Вохӯрӣ дар шаҳри Арлингтони Иёлоти Муттаҳида баргузор шуда, голҳои Испанияро Микел Оярсабал (аз зарбаи пеналтӣ) ва Педро Порро ба самар расонbданд. Бо ин пирӯзӣ Испания бори аввал аз соли 2010 ба финали Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Акнун мунтахаби ин кишвар дар бозии ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Аргентина - Англия барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Фаронса барои ҷойи сеюм ба майдон мебарояд.