Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
24.09.2025
Oila.tj
168

Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниҳоии гурӯҳи «С»-и марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал, ки дар даврҳои қаблӣ бар тимҳои Макао (10:2) ва Камбоҷа (7:1) пирӯзӣ ба даст овард, акнун бо чемпиони чаҳоркаратаи Осиё - тими миллии Ҷопон рақобат хоҳад кард.

Бозӣ бегоҳи имрӯз, соати 20:00 оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД