shoh palace
Дастархони соли навӣ
3409

 

Хӯриши «Тақвим»

Маҳсулоти лозима:

Картошкаи обпаз — 3 дона.

Сабзии обпаз — 1 дона.

Гӯшти мурғи обпаз — 250 г.

Пиёзи сафед — 1 дона.

себ (турши сафед) — 1 дона.

тухм — 2 дона.

Майонез.

қаланфури булғории сурх — 1/2 дона.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро бо маводҳои хушбӯйкунанда дар об пухта, хунук кунонед. Картошкаи дар об пухташударо аз турбтарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронида, дар шакли росткунҷа дар табақ оро диҳед ва аз болояш майонез молед. Сабзии обпазро низ аз турбтарош гузаронида, аз болои картошка тунук кунед ва бори дигар майонез молед. Гӯшти мурғро хурд реза карда, аз болои хӯриш тунук кунед ва майонез молед. Пиёзи сафедро маҳин реза карда, ба хӯриш илова кунеду боз майонез молед. Себҳоро пӯст карда, ба таври наргисӣ реза кунеду ба хӯриш илова намуда, боз майонез молед. Тухмҳоро пӯст карда, аз зардиҳояш ҷудо кунед ва бо сафедиҳои тухм хӯришро оро диҳед. Аз зардиҳои тухм барои тақвим кулоҳ созед. Аз қаланфур рақами 1 ва номи моҳро сохта ба болои хӯриш гузоред. Хӯришро каме дар яхдон нигоҳ дошта, баъдан истеъмол намоед.

Хӯриши «Арчаи солинавӣ»

Маҳсулоти лозима:

Картошкаи калон 2 дона;

Сабзии миёнаҳаҷм 1 дона;

Ҷуворимаккаи очонидашуда 10 г;

Забони гов 500 г;

Бодиринги очонидашуда 2 дона;

Донаки анор 1 қошуқ;

Ҷаъфарӣ ва бандчаи шибит;

пиёз 1 дона;

майонез, равғани офтобпараст ва намак;

Тарзи таҳия

Забони говро пешакӣ пухта, гармогарм аз пардаву рагчаҳо тоза кунед. Картошка ва сабзии обпазро чоркунҷа реза кунед. Пиёзро нимҳалқа реза карда, дар равғани растанӣ сурх кунед. Бодирингро ба таври наргисӣ реза карда, тамоми маҳсулоти номбаршударо бо майонез омехта намоед ва дар табақ дар шакли арча оро диҳед. Аз баргҳои шибит барои хӯриш шохи арча сохта, бо донаки анор ва ҷуворимакка оро диҳед.

 

Хӯриши «Бобои Барфӣ»

Маҳсулоти лозима:

Тухм 3 дона;

Сабзӣ 1 дона;

Чӯбчаи харчанг (крабовые палочки) 1 халтача;

Қаланфури сурхи булғорӣ 2 адад;

Панири сахт 200 г;

Биринҷи дарозрӯя 100 г;

шибит, ҷаъфарӣ;

намак, мурч;

майонез.

Тарзи таҳия

Биринҷ, сабзӣ ва тухмро дар об пухта, дигар сабзавотҳоро пӯст кунед. Сабзиро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронеду тухму панирро аз сӯрохиҳои васеъ гузаронед. Сафедии як дона тухмро барои ороиши хӯриш гузоред. Қисмати сурхи чӯбчаҳои харчангро шикаста, қисмати сафедашро чоркунҷа реза кунед. Кабудиро шуста реза кунед ва маҳсулотро омехта намуда ба хӯриш майонез резед. Хӯришро дар табақ бо шакли каллаи Бобои Барфӣ оро диҳед. Шубаи Бобои Барфӣ бояд аз боқимондаҳои чӯбчаҳои харчанг, ришаш аз сафедии тухм ва биринҷ бошад. Қаламфури булғории сурхро барои оро додани бинӣ ва кулоҳи Бобои Барфӣ истифода бред. Аз мурчи кулула барои Бобои Барфӣ чашм созед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД