Дастоварди Нуриаллоҳ - писари Ҷонибек Муродов
07.02.2026
Oila.tj
78

Ин ҳафта рақобати Нуриаллоҳ Муродов (фарзанди ҳунарманд Ҷонибек Муродов, набераи устод Ҷӯрабек Муродов) дар Ӯзбекистон ва ғалабаи ӯ ба рақибаш дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошт.

Нуриаллоҳ бо суруди пурифтихори “Ман тоҷикам” рӯи майдон омад ва маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода, рақиби ӯзбекистониашро шикаст дод.

“Табрик бачам. Кӣ мегуфт, ки ту боец мешӣ". Бо ин суханҳо Ҷонибек Муродов, ҳунарманди маъруфи тоҷик ғалабаи навини фарзанди нахустинаш - Нуриаллоҳ Муродовро шодбош гуфтааст.

Нуриаллоҳ Муродов - размикори тоҷик, яке аз шинохтатарин ва ҷавонтарин чеҳраҳост, ки мақсади ягонааш ба дараҷаи баланди UFC расидан аст.

Ӯ ин навбат дар майдон бо рақиби Ӯзбекистониаш баромад, ҷасорат нишон дод, ғалаба кард ва камарбанди навбатиашро соҳиб шуд.

"Ҷони оча, Нуриаллоҳи оча, дили оча, фахри падар",- гӯён модараш Машҳура низ дар саҳифаи фейсбукии худ шодии беохири худро нисбати ғалабаи фарзандаш Нуриаллоҳ иброз медорад. Ҳамчунин, наворе паҳн шуд, ки модари Нуриаллоҳ бо гиря ва ашки шодӣ ғалабаи фарзандашро тамошо мекунад.

Варзишгари тоҷик Нуриаллоҳ Муродов, ки бо лақаби «Феномен» маъруф аст, аввалин муҳорибаи касбии худро дар мусобиқаи Octagon 82, ки 30-юми ноябри соли 2025 дар шаҳри Алмаато анҷом дода буд.

Нуриаллоҳ — писари овозхони маъруф Ҷонибек Муродов ва набераи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мебошад. Дар пасманзари чунин насаби машҳур, варзишгари ҷавон мекӯшад худро маҳз дар варзиш муаррифӣ кунад ва роҳи худро дар ММА ҳанӯз пеш аз Octagon 82 бо эътимод оғоз карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД