formula
Даъвати Фран Экиса аз ҷомеаи ҷаҳонӣ
340

Тақрибан 90% аҳолии Афғонистон, аз ҷумла кӯдакон дар остонаи камбизоатӣ қарор доранд. Дар ин хусус намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Фран Экиса дар брифинги матбуотӣ дар Ню - Йорк хабар додааст “Интерфакс”.

Мувофиқи гуфтаи ӯ, соли 2023 2,3 миллион кӯдак метавонад бо камғизоӣ рӯ ба рӯ шавад, ки зимнан 175 ҳазор нафари он ба табобати ҳолате, ки бо норасоии ғизо алоқаманд аст, ниёз дорад.

Экиса илова кард, ки барои татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаи ЮНИСЕФ оид ба дастгирии кӯдакони Афғонистон ҳоло танҳо 22% маблағи дархостшуда ҷудо карда шудааст.

Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки муттаҳид шуда, ба мо дар сабук кардани ранҷу азоби кӯдакон, занон ва оилаҳо дар Афғонистон кумак кунанд”, - баён дошт ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД