sebiston july new
Давомнокии умри инсон 50 дар сад афзудааст
25.05.2023
ОИЛА
480

“Давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзудааст. Аз замони таъсиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки аз фаъолияти он 75 сол пур мешавад, саломатии инсонҳо ба таври назаррас беҳбудӣ ёфта, давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзудааст.

Дар ин давраи таърихӣ фавти кӯдакон 60 фоиз кам гардида, бемории гулафшон аз байн бурда шуд”-чунин изҳор дошт Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар иҷлосияи 76-уми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад.

Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.


Гуфта мешавад, ки дар иҷлосияи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳаном Геберейесус, вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ташкилоти мазкур иштирок доранд.


Бояд гуфт, ки мақсади асосии баргузории иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ-ин муттаҳидсозии кӯшишҳои давлатҳои аъзо ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, паст намудани сатҳи бемориҳои ғайрисироятӣ, ки дар замони муосир яке аз нишондиҳандаҳои баланди фавтро ба миён овардаанд ва ҳисоботи созмон дар назди кишварҳои узв мебошад.

“Дар доираи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мақсади муҳокимаи харитаи роҳ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тандурустӣ 22- майи соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария мулоқоти вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон доир гардид”,-навиштааст манбаъ. Дар рафти мулоқот бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, тариқи мубодилаи таҷриба тайёр намудани кадрҳои тиббӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии якҷоя, инчунин фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ то 30 май идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД