Arzon march 2024
Денис Матсуев консерт медиҳад
207

Аз 6 то 12 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур дар асоси қарори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир карда мешавад.

Қисмати асосии чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар арафаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 7 июл барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия Денис Матсуев доир мегардад.

8 июл ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории консерти ансамбли давлатии академии рақсии халқии «Налмэс»-и Ҷумҳурии Адигейи Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар ҳошияи Рӯзҳо 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва соати 11:30 муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия доир мешаванд.

Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари иштирокчиёни Рӯзҳо ба шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ баргузор мегардад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД