Arzon march 2024
Деваштич: Келинчаки 23 сола худкушӣ кард
1410

 Дар деҳаи Хишекати ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич як келинчаки таваллуди 1999 худкушӣ кард. Ҳодиса нимаи моҳи июн рух дода сару садоҳои зиёдро ба миён овард.

 

Яке ҳодисаро ба ҷанҷоли зану шавҳар рабт медод, дуюмӣ муноқишаи келин бо наздикони шавҳар мегуфт. Сеюмӣ бар он назар буд, ки ҷавонзан баъди марги кӯдакаш доим дар фикри худкушӣ карда ба назди ҷигарбандаш гӯё рафтан буд. Чорумӣ худкушро бемори руҳӣ мегуфт. Хулоса барои рушанӣ андохтан ба асли ҳодиса тамос гирифтем ба масъулини ҳукумати ноҳияи Деваштич. 

 

 Бино ба гуфти масъулини кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия Анора Турсунназарова ҳодисаи худкушии ҷавонзан санаҳои 13-14-уми июн дар пайи муноқишаву нофаҳмиҳои оилавӣ рух додааст.  Ҷавонзан Маҳорат Раҳмонова ном дошта, модари ду кӯдак будааст. 

 

Кечинчак  5  сол пеш оиладор шуда буд, аммо...

 

Аммо як сокини деҳаи Хишекат бе зикри номаш гуфт:-Маҳорат 5 сол пеш оиладор шуда соҳиби як фарзанд шуда буд, ки кудакаш вафот кард. Ин модари фарзандгумкарда бар замми ҳасрати фарзанд ду дида ба дар медухт, ки кай шавҳари муҳоҷираш ба ватан ояд. Дар оила ҳамагӣ хусуру хушдоман ва ҳамин ҷавонзани ноком мезистанд. 

 

Ҳодиса рӯзи чоршанбе рух додааст. Одатан дар ин рӯз дар  минтақаи Каленинобод бозори калон мешавад ва мардуми даҳҳо деҳоти ҷамоатҳои Ростровут ва Ваҳдат ба ин бозор меоянд.  Ҳамон рӯз хусури Маҳорат ҳам ба бозор омада будааст, то ба ҳамсари бемораш чизҳои лозимаро харидорӣ кунад.

Дар оила ба гуфти сокинони деҳа ягон хел ҷанҷолу нофаҳмӣ рӯзи ҳодиса нашуда будааст. Хусур дар бозор, хушдоман дар бистари беморӣ ва Маҳорат ба  корҳои хона банд. Маҳорат пеш аз маргаш тамоми хонаю дар, ҳавлию кучаҳоро рубичин карда, барои пухтани оши палав сабзӣ реза карда, корҳои хонаро сомон дода будааст.

 

Аз рӯи нақли шоҳидони ҳодиса Маҳорати ноком баъди марги кӯдакаш тамоман дигар шуда, аз зиндагӣ дилсард ва рангзарду дилсард гардида будааст. 

 

Вале касеро дар гӯшаю гумонаш набуд, ки гул барин келинчак  худашро ба дор меовезад. Хулоса, санаи 14-уми июн аз набуди хусур дар хона истифода бурда дар оғил худашро овехтааст. Гӯё баъди ин ҳодиса экспиртиза тиббӣ-судӣ гузаронида бошанд ва натиҷаи ташхис муайян кардааст, ки худкушии Маҳорат ирсӣ будааст (Аҷабо). Чунки баъди солҳои 2000-уми хоҳарбузурги ин келинчак ҳам маҳз дар оғилхона бесабаб  худовезӣ  карда будааст. 

 

Айб дар ош аст ё дар мош? 

Дар ҷамъбасти солонаи соли 2021 наздики 100 нафар занон дар вилояти Суғд даст ба худкушӣ ва суйқасд зада буданд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршеда Хоҷазода дар давраи ҳисоботӣ 91 нафар занону духтарон даст ба ҷинояти худкушӣ ва суйқасди он задаанд, ки ин ҳолат ташвишовар аст. Хоҷазода нигаронӣ аз он кард, ки бо вуҷуди корбариро пурзур кардани ҳам масъулини кор бо занон ва ҳам кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муттаасифона ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суйқасд ба ҷони худ аз ҷониби шаҳрвандон, хоса занону духтарон рух медиҳад. 

 

Барои пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳои нохуш аз гузаронидани чорабиниҳо то гардиши хона ба хонаро амалӣ кардем. Дар шаҳракҳо, ҷамоату деҳот низ барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва худкушию дигар озору шиканҷаҳо дар байни занон маъракаҳои иттилоотӣ гузаронидем. 

 

Аз рӯи таҳлили масъулини ҳифзи ҳуқуқи вилоят бештари ҳодисаи худкушӣ бо сабабҳои моҷарои оилавӣ, ҳолати ноустувории равонӣ ва тангии аз ҳад зиёди иқтисодӣ  ба миён омада, нафароне ки даст ба худкушӣ мезананд роҳи халосӣ аз мушкилоти пешомадаро танҳо дар  канда кардани риштаи умри худ мебинанд.

 

Масъулан дар вилояти Суғд бо усули худовезӣ ва худро сарозер кардан аз баландӣ ва ғарқшавӣ даст ба чунин ҷиноят мезананд. Масалан, ҳафтае пеш зане худро  аз болои пули дарёи Сир ба об партофт. Хушбахтона кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд занро саривақт наҷот доданд. Аммо саломатии зан баъди суйқасд ба ҷони худ хуб нест. 

 

Ислом худкуштагонро дӯзахӣ унвон мекунад

 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, рӯҳонии маъруфи шимоли Тоҷикистон, таъкид менамояд, ки худкушӣ дар ҷамъияте доман густардааст, ки беш аз 99 фисади онро пайравони дини мубини Ислом, яъне мусалмонон ташкил медиҳанд. Тибқи гуфтаи ин рӯҳонӣ, дини Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва шахси ба ин амал дастзада мутобиқи аҳкоми шариати поки Ислом гунаҳкор ҳисобида мешавад.

 

- Яке аз сабабҳои дигари худкушӣ сатҳи пасти саводи динии мардум ва ноогаҳии ҷомеа аз асолати дини мубини Ислом мебошад. Ислом ҳамчун дини ором ва оромишдиҳандаи рӯҳу қалб шинохта шудааст ва табиист, ки мардум ба муллоҳо ҳамчун равоншинос эътиқод мекунанд, гуфта ҳамсӯҳбат мо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД