Arzon april 2022
Дилбеҳузурӣ ва шикамрав нишонаи омикрон аст?
668


Дилбеҳузурӣ ва шикамрав метавонад нишонаи сироят ёфтани инсон аз навъи нави коронавирус “Омикрон” бошад, ки имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон паҳн гаштааст.

Дар ин бора яке аз донишмандони хеле машҳури ғарбӣ Тим Спектор хабар додааст.
Андешаҳои ин олими намоёнро дар бораи нишонаҳои пинҳонии “Омикрон” нашрияи The Sun ба табъ расонидааст.
Ин донишманди ғарбӣ, ки дар ташкилти ZOE Covid Symptom Study фаъолият менамояд, мегӯяд, тафовути омикрон аз навъ ва намудҳои дигари коронавирус дар он аст, ки на дар бинӣ ва роҳҳои нафас, балки дар рӯдаҳои инсон ҷой гирифта, кори узвҳои ҳозимаро вайрон мекунад.
Тим Спектор дар маҷмӯъ 6 нишонаи мушаххасеро номбар кардааст, ки метавонанд аз сироят ёфтани шахс аз коронавируси нави навъи “омикрон” хабар диҳанд. Ин нишонаҳо инҳоянд:
1. Дилбеҳузурӣ
2. Қайъкунӣ
3. Дард дар шикам
4. Дамиш кардани шикам
5. Зардаҷӯш
6. Шикамрав

Олими машҳур аз шахсоне, ки ин нишонаҳоро дар вуҷуди худ эҳсос менамоянд ва аз дилбеҳузуриву шикамрав азият мекашанд, хоҳиш кардааст, ки ҳатман ба “карантин” гузашта, дар ҳуҷраи алоҳида хоб раванд ва ҳарчи зудтар барои ташхси коронавирус тест супоранд.
Тим Спектор мегӯяд “омикрон”-ро дар шароити хона ҳам табобат кардан мумкин аст, вале бемор бояд аз дигар аъзои хонавода ҷудо карда шуда, реҷаи бистариро риоя намояд ва нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир накарда, ба пуррагӣ табобат бигирад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД