Директори генералии ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди футбол соҳиби ҷоиза гашт
13.02.2026
Оила
177

Директори генералии ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди футбол соҳиби ҷоиза гашт

Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Директори генералии ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоевро барои саҳми арзанда дар рушди футбол, инчунин дастгириву маъруфсозии ин намуди варзиш дар пойтахти кишварамон бо сипоснома қадрдонӣ намуд. Моҳи марти соли 2025 Фарҳод Мирзоев бори дуюм Раиси Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуда буд.

Чорабинии тантавнавӣ 30-юми январи соли равон дар идораи ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” баргузор гашт. Зимни чорабинӣ аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Фарҳод Мирзоев сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

DSC03329 (1)

Туҳфаҳоро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов супорида, барои саҳми арзанда дар рушди футбол дар шаҳри Душанбе ба Фарҳод Мирзоев изҳори сипос намуд.

Ёдрас мешавем, ки Федератсияи футболи Душанбе дар рушди футбол саҳми арзанда дошта, барои ҷалби бештари ҷавонон ва наврасон ба ин намуди варзиш чорабиниҳои зиёди шавқоварро баргузор менамояд. Аз ҷумла соли 2025 дар шаҳри Душанбе ду чорабинии калону ҷолиби варзишӣ-Фестивали футбол барои кӯдакон ва бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор гашт.

 

12 (11)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД