sebiston july new
Дод аз дасти хусури занмиҷоз!
4086

 

Хусурам марди 50-сола бошад ҳам, ягон зарра одамгарӣ надорад. Аслан, ӯро инсон номидан хатост, зеро аз ҳайвон заррае фарқ намекунад. Ӯро чунон бад мебинам, ки ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам. Шояд хонандагон ҳайрон шаванд, ки чаро ман дар бораи падари шавҳарам, ки ба ман ҳам ҳаққи падарӣ дорад, чунин суханони ноҷо гӯям.

Ин марди занмиҷоз аз рӯзи аввали ба остонаи хонааш қадам гузоштанам маро азоб медиҳад. Бо вуҷуди мард будан ҳамеша аз пуштам бадгӯйӣ карда мегардад. Бо гузашти чанд вақт мо келину хусур мисли сагу гурба шуда мондем. Падаршӯям сояи маро аз девор метарошаду ман аз они ӯро. Дашному ҳақоратҳояш ба дилам задаасту мехоҳам ба ҷое равам, ки дигар ҳеҷ гоҳ афти хунукашро набинам. Шавҳарам ҳамеша “сабр кун” мегӯяд, вале сабри сабилмонда ҳам ҳадду ҳудуд доштагист. охир! Келини чалфасу нокора мебудам, шояд аламам намекард, вале ягон айбу гуноҳ надорам.

 


Зулфия: Дод аз дасти шавҳари алкаш!


 

Ҳайрони ҳамин мӯйсафеди ношукрам, ки се вақт хўрокашро тайёр мекунам, оби таҳораташ ногуфта дар ҷояш омодаву либосҳояш ҳамеша тозаву озодаанд, вале боз ба ў чӣ намерасида бошад, ки ин қадар ҷони маро ба лабам меорад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан ҳамеша бо суханҳои тундаш маро ба гиря оварда, нони мехӯрдаамро заҳри баданам мекунад.

Аз он метарсам, ки рӯзе косаи сабрам лабрез мегардаду ин мӯйсафеди морзабонро аз хонааш дафъ мекунам. Фарзандонаш ҳам аз дашному ҳақоратҳои мардаки беандеша ба ҷон расидаанд, вале ба хотири падар буданаш бо як азоб тоқат карда гаштаанд.

Ба хонандагони хирадманди сомонаи “Оила” ба он хотир муроҷиат кардам, ки ба ман маслиҳат диҳанд. Илтимос, ба ман роҳи дурустро нишон диҳед. Охир, ман ҳам одамам. То кай гапҳои нешдори падаршӯйи ғайбатчиамро аз забони ҳамсояҳо шунида, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта гардам?! Чӣ кор кунам?

Нафиса,

н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД