toyota motors
Домод шаби аввал арӯсро бе ороишоти косметикӣ диду дарҳол талоқ дод
252

Дар Арабистони Саудӣ як мард арӯсашро дар шаби аввал бидуни ороишоти косметикӣ дида, талхакаф шуда ва дарҳол талоқ додааст.

Тавре serdalo_ingushetii навиштааст, ин ҷуфт низ аз рӯйи қавонин ва анъанаҳои кишварҳои исломӣ амал намуда, на бо ишқу муҳаббат, балки бо майлу хоҳиши волидонашон издивоҷ кардаанд. Домод пеш аз тӯй арӯсро дида бошад ҳам, духтар худро чунон орову торо додааст, ки ҷавонмард ба чашмони фаттони ошиқкуш, мижгонҳои дароз ва абрӯвони думи мораш ошиқи шайдо шудааст, аммо баъди тӯй дар шаби аввал, вақте арӯс рӯяшро мешӯяд, аз ҳусну ҷамолаш тамоман ному нишон намемонад ва домод зани дигарро дар назди худ дида, дарҳол арӯсро талоқ додааст.

Мард ба додгоҳ муроҷиат намуда, навиштааст, ки ӯро фиреб доданд. Суд аризаи домоди фиребхӯрдаро қабул кардааст ва тафтишоти ин қазия идома дорад.

Ин ягона ҳолати пошхӯрии оила аз рӯйи ороишоти косметикӣ нест. Ҳодисаҳои мушобеҳ солҳои 2015, 2018 ва 2022 дар дигар кишварҳои Ховари Миёна низ ба қайд гирифта шудаанд ва мардон пас аз дидани симои аслии зани худ бидуни косметика ба қавле “талхакаф” шуда, барои талоқ муроҷиат кардаанд.

Равоншиносон низ як таҷриба гузаронида, ба мардон аксҳои занонро бо ороишоти косметикӣ нишон додаанд. Аҷибаш он аст, ки вақте як ҳафта пас дубора акси ҳамон занро бидуни косметика ба мард нишон додаанд, 34%-и мардон онҳоро тамоман нашинохта, каси дигар гумон кардаанд.

Ороишгарони касбӣ - визажистон мегӯянд, ки контуркунии муосир метавонад шакли бинии инсонро 40% ва устухонҳои рухсораро 30% дигаргун намуда, чашмҳоро ду баробар калонтар нишон диҳад ва аз як зан тамоман шахси дигар, яъне образи нав созад, аммо ин танҳо як “иллюзияи оптикӣ” мебошад.

Шумо ба истифода бурдани занон аз усулҳои нави зебоӣ чӣ назар доред? Фикратонро дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД