Arzon march 2024
Домоди аврупоӣ духтарамро бадбахт кард
02.10.2022
ОИЛА
2288


Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи “Оила” номаеро таҳти унвони “Никоҳи интернетӣ бадбахтам кард” мутолиа намуда, бе тараф истода натавонистам. Гап сари он аст, ки духтари ман ҳам бо шавҳараш дар хориҷа қарор доштанд.

Вақте модари домод ба хостгорӣ омада буд, писарашро чунон таърифу тавсиф кард, ки нгуфтанӣ ва мо бо гумони он ки фарзандамон ба хориҷа рафта, зиндагии ширину осоишта мебинад, дарҳол розигӣ додем. Ҷавононро никоҳ кардему духтарам ҳамроҳи шавҳараш ба яке аз шаҳрҳои Аврупо сафар намуд. Баъди чанд моҳ маълум шуд, ки домод он ҷо бо чанд духтар муносибати ошиқона доштаасту нисбати занаш хеле бе меҳру бе парво будааст.

Муддати ду соле, ки бо шавҳараш дар кишвари бегона зиндагӣ кард, духтарам ҳамарӯза занг зада, аз шавҳар шикоят мекарду бар замми ин, ба сардии ҳавои он ҷо тоқат карда наметавонист. Кор ба ҷое расид, ки духтарам ба бемории руҳӣ печида, шавҳараш ӯро барои табобат ба Ватан фиристод. Духтарамро чанд моҳ табобат карда, ба по хезондем, вале дигар ба назди шавҳараш рафтан намехоҳад. Ҳол он ки ҷои кор ва хонаи шавҳараш дар хориҷа асту нияти ба Ватан омаданро надорад. Ростӣ, аз он ки духтарамро ба ин ҷавон ба шавҳар додем, хеле пушаймонам ва ба дигар волидон гуфтан мехоҳам, ки мисли ман дар оиладор кардани фарзанд шитоб накунанд.

Хориҷаро мо танҳо дар филмҳо мебинем ва чӣ гуна будани онро ҳатто тасаввур карда наметавонем. Аз ин рӯ, агар духтаратон ҳатто дар донишгоҳ таҳсил карда бошад ҳам, ӯро ба домоди аврупоӣ ба шавҳар надиҳед. Шавҳар дӯст надорад, дар Аврупо ҳам хушбахт намешавӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД