arzon replenishment
Домоди рус
08.11.2021
ДИЛОШӮБ
6127

        

               Дугонаҳои ҷамолакӣ

Ману Баноз аз хурдӣ ба ҳам дугона будем, аз рӯзе, ки худро ёд дорам, Банозро дар паҳлӯям дидаму ба ӯ сахт одат карда будам. Падару модари дугонаам дар Хонаи бачаҳо тарбия ёфта буданду дар шаҳр хеши наздике надоштанд, чун бо падару модари ман ҳамсоя мешаванд, чунон унс мегиранд, ки мисли хешу табори наздик рафтуомад мекунанд. Инро ман аз забони модарам шунида будамф, падару модари Баноз як духтар доштанд, дар оилаи мо бошад, ману хоҳарам ва ду бародарам ба воя мерасидем. Ману Баноз якҷоя ба боғча, мактаб ва донишгоҳ рафтем, дар ҳама ҷо мо ба гурӯҳҳои забони таҳсилоташон русӣ мерафтем. Вақте дар донишгоҳ мехондем, бо ҷавони русе бо номи Дмитрий дӯстӣ пайдо кардем. Волидони Дима кайҳо ба Русия рахти сафар баста бошанд ҳам, ӯ ҳамроҳи модаркалонаш дар Душанбе мондааст, зеро аз Тоҷикистон ва рафиқонаш дил канда натавонистааст. Дима забони тоҷикиро хуб медонист, аммо мо зиёдтар ба забони русӣ сӯҳбат мекардем. Боре дӯстамон модаркалони пирашро бо мо шинос карду моро зуд-зуд ба хонаашон барои хӯрдани самбӯсаҳои картошкагин ва карамшӯрбои асили русӣ даъват мекард. Мо низ дар зодрӯзҳоямон Димаи ба қавли модарам «наҳтутӣ»-ямонро ба хона даъват менамудем. Модаркалони Дима солҳои сол муаллима будаасту одам аз сӯҳбаташ сер намешуд. Ин зани фариштахисол ба Тоҷикистону тоҷикон меҳри бепоён дошт, ба ману Баноз бо меҳр нигоҳ карда мегуфт:

-Бисёр мехоҳам, Дима зани тоҷик гирад.

Дима бо шӯхӣ мегуфт, ки “бибиҷон, ман якбора ду зан мегирам” ва ҷониби мо чашмак мезад…

                     Дуои мустаҷоб

Шояд фариштаҳои даргузар омин гуфтанд, ки дӯстии байни Димаю Баноз ба ишқ мубаддал гашт. Акнун онҳо якҷоя қасри забарҷади орзуҳояшонро месохтанду ман шоҳиди орзуҳои ширини онҳо будам. Дар курси панҷум мехондем, ки маро ба писари аммаам фотеҳа карда, баъди хатми донишгоҳ тӯямон баргузор гашт. Акнун ман пайи ташвишҳои хеш овора аз дугонаам каме бехабар мондам, ҳар гоҳе хонаи модарам биёям, бо ҳам вомехӯрдему халос. Баноз бо меҳру муҳаббат дар бори ишқи покашон бо Дима сухан мекард, дар ин миён модаркалони Дима ба беморие печида вафот карду ӯ танҳо монд. Дар ин лаҳзаҳо ягона ғамбарораш Баноз будааст, аммо…

Дима чун қоидаи миллати рус худаш ба хонаи волидони Баноз омада, аз онҳо дасти духтарашонро мепурсад. Волидони дугонаам бошанд, қатъиян зидди ин издивоҷ баромада, Банозро “ту моро назди ҳаққу ҳамсоя шарманда карда, ба ҷавони ғайридин ба шавҳар мебароӣ” гуфта, ҳабси хонагӣ ҳам карданд. Аммо Баноз духтаре набуд, ки ӯро аз гапаш гардонанд, ӯ як соли дароз мубориза бурда, оқибат падару модарашро ба ин издивоҷ розӣ кард. Дуои бибии Дима мустаҷоб гашту наберааш зани тоҷик гирифт…

                           Домоди таърифӣ

Волидони Баноз пеши Дима шарт гузоштанд, ки мусулмон шаваду баъд тӯй кунанд. Ҷавон ба хотири маъшуқааш аз дини худ рӯй гардонида, мусалмон шуд, баъд тӯйи бошукӯҳе гузаронида, зану шавҳар шуданд. Димаву Баноз ҳар ду кор мекарданд ва дар хонаи аз бибии Дима меросмонда умр ба сар мебурданд. Ин ҷавони рус барои хусуру хушдоманаш писар шуд, падару модари Баноз домодашонро зиёд дӯст медоштанд. Таваллуд шудани нахустнабераашон Аваз бошад, меҳри онҳоро ба домод дучанд кард, бибиву бобои хушбахт гирди набераашон парвона буданд. Дима зану фарзандашро гирифта, дар рухсатии меҳнатияш ба Русия назди падару модараш рафт, ҳарчанд дар ҳавлии барҳавои волидонаш зиндагӣ шоҳона буду волидонаш бо як овоз дар Русия монданашонро тақозо кунанд ҳам, Дима розӣ нашуд.

-Тоҷикистон ватани ман, макони ишқи ман, ватани фарзанди ман аст, он ҷо қабри модаркалони азизам воқеъ шудааст, ман он ҷо мемонам,-гӯён, ба ватанаш баргашт.

Падару модари Баноз низ ин ҷавони ватандӯсту меҳнативу қадршиносро дӯст медоштанду аз духтарашон кам намедонистанд. Зиндагии ҷуфти ҷавон хеле хуб ҷараён дошт, ҳарчанд буданд одамоне, ки “шавҳари рус кардӣ” гӯён, сӯйи Баноз санги маломат меафканданд, аммо ӯро кай парвои гапи мардум буд. Ҷавонзан он қадар саргарми хушбахтиҳои худ буд, ки барои фикр кардани он ки кӣ чӣ мегӯяд, вақт надошт.

                             Чашми бад

Беҳуда намегӯянд, ки аз шодӣ то ғам як қадам роҳ аст, оҳиста-оҳиста чашмони Баноз хира шудан гирифтанд, аввалҳо айнак гирифту он қадар аҳамият надод, вале баъдтар ба таҳлука афтод. Дима низ баробари ҳамсараш ғам мехӯрду баробари ӯ дар ба дари духтуру табибу мулло медавид. Ҷойи кори хуб дошту маблағи нағз меёфт ва тамоми ёфту тофташро сарфи бемории ҳамсараш менамуд. Дима дид, ки ин ҷо намешавад, ҳамсари дӯстдоштаашро ба яке аз клиникаҳои шахсии машҳури Русия бурда, ҷарроҳӣ намуд, вале дарди бедаво оқибат ҷавонзани зебои дар ҳукми гулро дар синни бисту ҳашт тамоман нобино намуд. Баноз ба дипрессияи сахт гирифтор шуда, шабу рӯз мегирист. Падару модараш ӯро ба хонаашон бурда, то метавонистанд, дилбардорӣ намуданд, аммо ҳеҷ не, ки Баноз аз ҳолати рӯҳафтодагӣ барояд. Аҳволи Дима низ хуб набуд, дилаш ба ҳоли Банози нозанинаш мисли доғ месӯхт, вале аз дасташ коре намеомад. Рӯзи дароз кор мекарду бегоҳ ба хонаи хусуру хушдоманаш назди ҳамсари бемору гирёнчак ва писараки ягонааш мешитофт. Баноз дигар он зани меҳрубон набуд ва ба Дима рӯйи хуш намедод, дар кунҷаки хилвате менишасту мегирист. Дима гоҳ-гоҳе сари қабри модаркалони меҳрубонаш рафта, дилашро холӣ карда мегирист, ба тақдири бадаш лаънат мехонд. Намедонист чӣ кор кунад.

                             Вафодор

Бо гузаштани як сол Баноз ба тақдир тан доду рӯзе Димаро наздаш хонда гуфт:

-Ташаккур азизам, барои он ки дар бемориҳоям бо ман будӣ, таркам накардӣ. Ту ҷавону зебоӣ, умратро бо ман хазон накуну зан бигир, хубтараш Русия назди волидонат рав, писаратро кай хоҳӣ, омада хабар гир…

Дима бо шунидани ин суханҳои пурсӯзи ҳамсараш сарашро рӯйи зонувони Баноз монда, дар умраш бори аввал пеши занаш ашк рехт ва гуфт “ман ҳеҷ гоҳ туро намепартоям!” Худи ҳамон рӯз Баноз ба хонааш баргашт ва инак, даҳ сол мешавад, ки Димаи меҳрубонаш парастору меҳрубони ӯст. Аваз ҳам ба чордаҳ қадам ниҳодаасту ёрдамчии беминнати падару модар аст. Баноз оҳиста-оҳиста ба зиндагии оҷизонааш одат кард ва бисёр корҳои занонаи хонаашро худаш мекунад, албатта бо ёрии писару шавҳараш. Падару модараш низ хонаашонро фурӯхта, дар ҳамсоягии онҳо хона хариданду ҳамдами духтарашон ҳастанд.

Ман низ зуд-зуд ба хабаргирии дугонаам меравам, ҳаёти хушбахтонаи онҳоро дида, дар дил мегӯям:

-Ишқ дар ҳақиқат миллату маҳзаб надорад…

                                                                          Шодия

                                                                       Таснифи Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД