Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 37 медали тилло ба даст оварданд
Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов дар 15 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, маҳорати баланди варзишӣ нишон додаанд ва бо 71 медал ба ватан баргаштанд. Дар ин хусус имрӯз, 3 август ректори донишкада Иброҳимзода Амир Мудин хабар дода гуфт:
“Аз 71 медале, ки донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст оварданд, 37 медали тилло, 18 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ мебошад. Шумораи медалҳои тиллои донишҷӯён дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 6 адад, нуқра 5 ва биринҷӣ 3 медал зиёдтар аст. “
Қобили зикр аст, ки дар ин давра 12 нафар омӯзгорони ин донишкада дар 22 мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби 8 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гаштаанд.