Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати доваронеро, ки соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, дар сомонаи расмиаш нашр кардааст.
Шумораи ҳакамон аз Тоҷикистон 18 нафар буда, ҳафт нафарашон довари FIFA, ҳашт нафар ёвари довари FIFA ва ду нафар доварони FIFA дар риштаи футзал мебошанд.
Чор довари тоҷик – Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба рӯйхати расмии видеодоварони FIFA шомил гаштаанд ва ҳуқуқ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ намоянд.
Рӯйхати доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд:
Доварони FIFA:
Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе)
Насрулло КАБИРОВ (Норак)
Сайёдҷон ЗАЙНИДДИНОВ (Душанбе)
Абдулло ДАВЛАТОВ (Шаҳринав)
Амирҷон ХОРКАШЕВ (Душанбе)
Нодира МИРЗОЕВА (Душанбе)
Наталя СОТНИКОВА (Душанбе)
Ёварони доварони FIFA:
Акмал БУРИЕВ (Турсунзода)
Хусрави СИДДИҚЗОД (Душанбе)
Ҳасан КАРИМОВ (Норак)
Фарҳод ҚУРАЛОВ (Душанбе)
Вафо ҚАРАЕВ (Шаҳринав)
Исмоил НУРАЛИЕВ (Норак)
Ғайрат РӮЗИБОЕВ (Шаҳринав)
Дилшода РАҲМОНОВА (Душанбе)
Доварони FIFA дар риштаи футзал:
Суҳроб САТТОРОВ (Турсунзода)
Сафаралӣ МАҲМАДИЗОДА (Душанбе)
Доварони видео (VAR):
Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе)
Абдулло ДАВЛАТОВ (Шаҳринав)
Амирҷон ХОРКАШЕВ (Душанбе)
Зуҳал ХУҶАНАЗАРОВА (Душанбе)
Хотиррасон мекунем, ки Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) аз рӯи ҷамъбасти мавсими 2025 ҷоизаи беҳтарин бригадаи доваронро ба Гулмуроди Саъдулло, Ҳасан Каримов ва Фарҳод Қуралов супурд.