formula
Дӯстдоштаи Сумайяро фаромӯш кунам?
3062

 

Дар синни 18-солагиам ба духтаре дил бастам. Духтарак чунон зебо буд, ки хаёл мекардам одамизод не, парӣ ё фариштаест, ки Худованд ба подоши кадом як амали некам ба ман фиристодааст. Чашмони зебояш ҷиллои ситора дошту дар лабони асалиаш доимо табассум ҳувайдо буд. Дар дарёи пурталотуми ишқаш ғутта зада, ба даргоҳи Яздони пок шукргузорӣ мекардам, ки ин неъмати бебаҳоро насибам гардонидааст. Ҳамин тавр, қариб нӯҳ моҳ гузашту дар деҳа ишқамон овоза шуд. Ман бе Фараҳноз зиндагиро барои худ ҳаром мешумурдаму падару модараш заррае ба ҳоли зори ошиқ раҳм накарда, ӯро ба як хешашон фотиҳа намуданд. Ин хабари шумро шунида, дунё дар назарам тираю торик гашт ва зиндагӣ маънияшро пурра гум кард. Тасмим гирифтам, ки ба назди падару модараш мераваму достони ишқу муҳаббати самимиамро якояк баён месозам, вале…

Аз шиддати ғаму андӯҳи гарон якбора ба сактаи дил гирифтор шудам ва маро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд ва дар бистари беморӣ мехкӯб гаштам. Бо ҳамин минвол аз байн чанд рӯз гузашт.

Рӯзе дар бистари бемориам ғарқи андеша будам, ки Фараҳноз зангам зада, бо садои гиряолуд маро ба тӯяш даъват кард! Ба тӯйи арӯсиаш бо домоди дигар!

Ҳамин тавр, азизи даламро сайёди дигар рабуд ва Фараҳноз мани навмедро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошта рафт бо ёри наваш ба хонаи бахт. Аз байн чанд моҳ гузашт. Ҳанӯз аз ин захм ба худ наомада, рӯзе тасодуфан дар роҳ бо духтаре вохӯрдам. Сӯҳбатамон қур гирифту духтар аз ман дархости рақами телефон кард. Не нагуфта, рақамҳоямро додам. Сумайя дар донишгоҳ таҳсил мекунад, хислату рафтораш ба ман писанд аст, вале аз як чиз хиҷил ҳастам. Сумайя пеш аз ман дӯстдошта доштааст ва бо он ҷавон тӯли чор сол ба қавли мардум «мегаштааст». Ишқи пештараи Сумайяро фаромӯш карда наметавонам. Виҷдонам ва нангу номусам мегӯянд, ки аз баҳри ин духтар баро, вале дилам, дили як бор захмбардоштаам нидо мекунад, ки дигарбора ба азоби ҳиҷрон мубталояш насозам. Ба ман маслиҳат диҳед, ба садои номус гӯш диҳам ё ба овози дилам?

Далер

 

 

Падарам бо камбағалҳо қудо шуданӣ нест

Мафтуна, бо ту шинос шуда, чунон пушаймон шудам, ки дигар аз ту чӣ гуна халос шуданамро намедонам. Дар орзуи бо ҳам будан зиёд ҷаҳд намудӣ, вале ман туро дӯст дошта натавонистам. Шунидани ин суханҳо бароят дарнок бошад ҳам, маро лаънат ва дуои бад накун! Росташро гӯям, дилам аз шунидани ҳарфҳои «дӯстат медорам»-у «интизоратам» ва «маро насӯзон»-и ту чунон танг шудааст, ки намедонам дар куҷо паноҳ ҷӯям. Худатро беҳуда ин қадар беобрӯ накун, охир дӯстат намедорам, чӣ кор кунам?!» Волидонам ҳам бо камбағалҳо қудо шудан намехоҳанд. Духтаре, ки нахондааст, хеҷ гоҳ келини модари ман шуда наметавонад! Ту бояд бо ягон ҷавони мисли худат нохондаю камбағал хонадор шавӣ, вале чунон корҳое мекунӣ, ки ба ақли одамӣ рост намеояд. Аз гапу калочаи мардум натарсида, ҳар рӯз ба ман номаҳои ошиқона менависӣ ва ба дасти бачаҳои ҳамсоя ба хонаамон мефиристию таъкид мекунӣ, ки ҷавобашро биёранд. Номаҳоятро ҳатто накушода, даронда мепартоям, вале ин ба ту ҳеҷ панд намешавад. Ҳайронам, ки чаро умратро беҳуда сарфи сӯхтану гиристан мекунӣ. Дигар мактуб нафирист ва пулҳоятро сарфи тӯҳфахарӣ накун, духтар, аздусар ман туро ба занӣ намегирам!

А.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД