Formula july 2024
ДӮСТОНИ РАДИОӢ (ҚИСМИ-2)
2226

Нишонаҳои беморӣ

 Дар Боғи ҷавонон, назди кӯл соатҳо қадам задем. Зуд–зуд хаста мешуд. Маълум буд, ки бемор аст. Аз худаш пурсон шудам. Гуфт, ки захми меъда дорад. Ҳушу гӯшам ба маъшуқаам бошад ҳам, зиёд ба кӯдаконам менигаристам. Мехостам таассуроти онҳоро фаҳмам. Ба зудӣ пайхас кардам, ки ӯ дили Исмоилу Ёсаминамро ҳам ба чанг овардааст. Ҳатто баъдтар Ёсамин ба ӯ “аяш” (модар) гуфта, хитоб мекард. Чӣ лаҳзаҳое буданд...

Чунин зуд хаставу бемор шуданҳои Санавбарам ба ҷигарам теғ мехалонид. Бо ӯ маслиҳат кардаву сари қарор омадем, ки дар аввалин фурсат ӯ ба Душанбе, ба назди ман меояд ва якҷоя ба беморхона меравем. Чунин ҳам шуд. Санавбар рафту субҳи дигаре ба шаҳр омад. Ман ӯро вохӯрдам. Якҷоя ба беморхонаи Қарияи Боло рафтем. Аз муоинаи духтур гузаштан ва чандин таҳлилҳо анҷом додан вақти зиёде мегирифт. Ман зид набудам. Лаҳзае, ки мо якҷоя будем, мехостам ки тамоми сайёра аз чархидан монад. Мехостам сукут фарогири замину осмонҳо шавад. Чунин ҳам мешуд. Чашмонам баста мешуданду чизеро намедидам, ба ғайр аз ӯ.

 

Шодии дардовар...

 

Як чиз маро ҳайратзада мекард. Ҳар бор бо ҳар нафаре аз наздикони ӯ сӯҳбати телефонӣ мекардам, бемор мешуданд. Ёдам ҳаст, бо духтараш Ёсуман, бо хоҳараш Ҳусния ва бо писараш Муртазо ҳам чунин ҳодиса рух дод. Метарсидам, ки мабодо ба ӯ зиёне расонам... Аммо... Ҳамин ҳодисаҳо сабаб шуданд, ки ман ғарқи дарёи сардаргумиҳо шуда ва дар чанд ҳодисаи навбатӣ худамро муҷиби дарди сари Санавбарам эҳсос кардам.

 

Ҳам зану ҳам маъшуқаам дар боғ

 

Як субҳ қасди дидани Санавбар ва Ёсаминамро ба духтарони ӯ нишон додан доштам ва ба боғи Ирам рафтам. Нақша доштем, ки назди зану фарзанди ман нақши ношиносро бозем. Гӯё ҳамту вохӯрдаву як кам қадам мезадем. Мисли ҳарвақта Санавбар дер монд. Бо зану фарзандонам сайри боғ кардем. Сипас, онҳоро ба хона бурда, баъди хӯроки нисфирӯзи дубора ба боғ бар гаштам Лаҳзаи дохили боғ шудан, бояд маблағашро ба дарбон месупурдам. Аммо дарбон ҳайратӣ шуд ва гуфт:

-О шумо ҳамин саҳар омада будед ку?! Дар як рӯз чанд бор ба боғ меоед? Ё барои ягон кор баромадед ва акнун баргаштед?

-Бале амак,-гуфтам ман ва фаҳмидам, ки дарбон аҳамият надодааст, ки ман субҳ бо дигар зану бача ба боғ омада будам. Санавбар ҳам инро нафаҳмид. Ба ӯ пул дароз кардам. Вале ӯ пулро нагирифта:

-Не, дар як рӯз як бор ҳангоми даромадан пул медиҳӣ, тамом– гуфт.

Чизе нагуфта, фақат даруни дил хандидам. Ҳолам мисли қаҳрамонҳои саҳначаҳои ҳаҷвӣ буд...

 

Дӯстони радиоӣ ё мардакҷону занакҷон?

Боре дохили нақлиёти ҷамъиятӣ будам. Чун ҳамеша саргарми сӯҳбатҳои ошиқона. Пурсидам:

-Санавбар, ба чӣ кор машғулӣ?

-Хӯрок мепазам. Шумо чӣ кор мекунед?

-Аз кор баромада, ба хона меравам?

-Барои хӯроки шом ба шумо чӣ омода кунам, дадаҷонаш?

Шунидани калимаи “дадаҷонаш” маро ниҳоят ҳайратзада кард. Боз суоломез гуфтам:

-Дадаҷонаш?

-Чӣ, маъқул нашуд?

-Маъқул шуд... Чун бори аввал мешунавам, ба ҳаяҷон омадам, очаҷонаш.

Аз ин суханҳо ниҳоят хандидем. Ин калимаҳоро дӯст доштем. Эҳсосотӣ мешудам, ҳар боре мешунавидам... Оҳиста–оҳиста аз “дӯстони радиоӣ” гузаштем ба “дадаҷонашу очаҷонаш” ва баъдан ба “мардакҷону занакҷон”...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД