Dostoni ishqi man
ДӮСТОНИ РАДИОӢ (ҚИСМИ-4)
1677

Хонае, ки обод кардааст

 

Боре маро ба хонааш ба шаҳри Ҳисор даъват кард. Не нагуфтаму розӣ шудам. Ёсаминамро гирифтаму ба хонааш меҳмонӣ рафтем. Маро Санавбар ва фарзандонаш хуб истиқбол намуданд. Ҳусния зиёд мехост, аммо омада натавонист. Сари дастархон гузаштем. Ҳамагӣ бо ҳам. Ба наздам мурғи бирён оварданд. Маълум буд, ки зиёд барои омаданам омодагӣ дидааст. Омада аз барам нишасту ду-се луқма бардошт. Ман ӯро боз доштам. Охир хӯрдани таомҳои бирёншуда барои ӯ мумкин нест, вале ба хотири ин ки ман худамро танҳо эҳсос накунам ва хиҷолатзада нашавам, то охир наздам нишаст ва ягон-ягон даст ба мурғи бирён мебурд. Агар инро як нафари дигар мекард, ман ин ҳама эҳсосотӣ намешудам, аммо ин ки ӯ ба саломатияш нигоҳ накарда маро ҳамроҳӣ намуд, маро ғарқи андешаҳо сохт. Итминон доштам, ки дар ҳар ҳолате Санавбарам бо ман мемонад. Ҳангоми сӯҳбат муқобили ману Санавбар нишаста, ба мо нигоҳ мекард. Нигоҳҳояш аҷиб будад. Санавбар ӯро ба ман нишон дода, бо табассум гуфт:

-   Дидӣ, духтарат нигоҳ дорад, то фаҳмад ману шумо ҷуфти муносиб ҳастем ё не.

Зиёд гуфтему хандидем... Вақте рафтан пеш аз ман хесту пойафзолҳоямро пеш ниҳод ва дар даст обу сачоқак омад. Ба дастонам об мерехт ва ман ба ӯ нигоҳ мекардам... Зиёд нигоҳ кардам... Санавбар ҳайрониямро мушоҳида карду пурсон шуд:

-   Чаро ҳайратзада менигаред?

-   Намедонам, охир якумбор касе ба дастам об мерезад.

-   Эҳ, магар ҳамсаратон Ҷамила ягон бор дастатона об намегирад?

Чизе нагуфтам ва ҳамоно нигоҳаш мекардам... Вақти рафтан хайрухуш карда, Ёсуманро аз дасти Оиша гирифтам. Санавбар бо забони кӯдакона “биё-биё” гуфт тарафи Ёсуман. Ёсуман бошад, рӯяшро тарафи ман гардонд. Санавбар бошад:

-   Эҳ доноча, ун тарафаш моиндар дя!

Шарм доштам. Охир ман худро ба фарзандони ӯ ҳамкор гуфта, шинос карда будам.

 

“Кампирак ва ҷавон

 

Дар боғ қадам мезадем... Ҳар кӣ тарафамон менигарист, аз ҳаё гунаҳои Санавбар сурх мешуданд. Мепурсидам:

-   Чаро ин ҳама хиҷолатиӣ? Магар аз бо ман будан шарм медорӣ?

-   Ҳа. Ниҳоят шарм медорам. Мардум чӣ мегуфта бошанд. Шояд мегӯянд: “Ин кампира бин, бачаи ёша ба дом афтондааст”.

-   Эҳ... ин хел нагӯ. Мардум ба мо чи кор дорад? Муҳим ин ки мо ҳамдигарро дӯст медорем ва бе ин ҳам ту аз ман он қадар калон нестӣ. Ҳамагӣ 8 сол. Фақат барвақттар соҳиби фарзанд шудаӣ. Ҳа, исто. Ту аз ман фарзанддор шудан мехоҳӣ?

-   Чаро намехостаам? Ҳатман писраи ман мисли падараш ҳамин гуна қад баланду зебо мешавад.

 

Хостгории ғайричашмдошт

 

Дар шаҳри Хуҷанд будам. Санавбар дошт кам-кам умедашро аз даст медод. Зиёд мехостам сабабашро фаҳмам. Аммо сар кард бо номафҳум гап задан. Рӯзе бо кунҷкобӣ пурсид:

- Агар мо ба ҳам нарасем ва баъди солҳо ман ба хонаи ту равам ва Ёсаминро ба Муртазо хостгорӣ кунам, тӯ чи мегӯӣ?

- Чи? Ман дар фикри хостгории ҳардуи худамон, ту бошӣ мехоҳӣ ба хонаи ман ба хостгории духтарам биоӣ? Ин хел намешавад! Ҳам Муртазо аз Ёсамин ин ҳама калон. То духтари ман ба шавҳара мешавад ки... Бачаи ту алаккай фарзанддор мешавад. Худо хоҳад.

- Эҳа, шумо аз косаи тилло об нушиданӣ кӯ? Пас ба писарам ҷавоби рад медиҳед?

- Дигар ин хел савол надеҳ!

- Вале ман донистан мехоҳам, илтимос ҷавоб гардонед.

- Хуб, агар ту ба ман ҳамсар неву қудо шуданӣ бошӣ, хотсгорӣ биё. Ҳар вақте ки хостгорӣ омадӣ, ҳамон лаҳза ҷавобатро мегирӣ...

 

Ҳазли ноҷо

 

Лаҳзаи дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанам, ба Санавбар тамос гирифтам, аммо телефонашро Ҳусния бардошт. Баъди аҳволпурсӣ гуфтам:

-Санавбари ман чи хел? Ҳамонҷост? Метавоӣ телефонро ба ӯ диҳӣ?

-Акаи Шодӣ... Апаамро бурданд.

-Чӣ? Ки? Куҷо бурд? – бо садои ларзон ва як каме асабоният пурсидам.

-Бемор шуд. Нафаҳмидем ба ӯ чӣ шуда бошад. Бо мошини ҳамсоя ба беморхона бурданаш. Дигар хабар надорам.

-Чи тавр? Кадом беморхона? Дурусттар фаҳмон...

- Дигар чизеро намедонам, худро ба даст гиред. Чаро ин ҳама метарсед?

- Охир ман апаатро зиёд дӯст медорам?

- Охир ин қадар ҳам не дя? Худатонро ба даст гиред...

Вале ман...Худоё чи кор карданамро намедонистам. Ҳазор фикр ба сарам меомад. Мабодо ба маънии зиндагиям ҳодисае рух диҳад гуфта сахт тарсидам. Дар охир Ҳусния бо садои баланд хандида, гуфт, ки барои маро санҷидан шӯхӣ кардааст. Ҳамин лаҳза Санавбар омада, тарафи хоҳараш:

-Ҳа хирасар, ахир коратро кардӣ?

 

Аммо тарс дар дилам монд. Тамоми шаб хобам намебурд. Ҳар замон ба пешдолон барои тамокӯкашӣ мебаромадам. Чизе наметавонист маро ором кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД