Arzon march 2024
Ду фарзияи пайдо шудуни бӯи ғализ дар Хуҷанд
731

 

Яке аз саволҳои баҳсбарангез, ки дар нишасти хабарии ҳукумати шаҳри Хуҷанд садо дод, паҳн шудани бӯйи ғализ дар чанд маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла маҳаллаҳои 3-8-12- ва 13 буд.

Тавре маълум бӯйи ғализ дар аксар маҳаллаҳои шаҳр Хуҷанд яке аз мушкилиҳои асосӣ маҳсуб меёбад, ки тақрибан ду сол аст, ки сокинони ин маҳаллаҳоро нигарон кардааст. Ба гуфти сокинони ин маҳаллаҳо дар ҳавои гарми бӯй бештар шуда, имкони кушодани дару тирезаҳо вуҷуд надорад.

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд вобаста ба ин мушкилӣ изҳори назар карда, гуфт ки мо ин мушкилиро медонем ва барои пайдо кардани манбаи асосии бӯй ва ҳалли он аллакай комиссияи махсус таъсис дода шудааст.

“Дар ҳақиқат ин мушкилоти ҷиддӣ барои шаҳр аст. Бӯйи ғализ солҳои қаблӣ дар микроноҳияҳои 3, 8, 12, 13, 18, 19 ва 20 эҳсос мешуд, вале афсӯс рӯз аз рӯз паҳншавии он зиёд гардида дар маркази шаҳр ҳам паҳн шуда истодааст”, илова кард номбурда.

Раиси шаҳри Хуҷанд дақиқан нагуфт, ки манбаи бӯйи ғализ аз куҷост, вале ду фарзияро баён кард, ки пештар сокинон ҳам аз он мавзеъҳо шубҳа мекунанд. Якум бо эҳтимоли зиёд, мавҷуд будани фермаҳои мурғпарварӣ дар сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба хусус маҳаллаи Сартуқай, дуюм ин КВДК “Хуҷандобуканал” аст, ки ба он рабт медиҳанд.

Назари Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати фермаҳои мурғпарварии ноҳия, ки дар сарҳади шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, мухолиф буда, мегӯяд, ки ин фермаҳо манбаи бӯйи ғализ нест ва он чизе, ки мардуми ин маҳаллаҳо ва ҳамчунин шаҳрдориро ба ташвиш овардааст, бешак аз КВДК “Хуҷандобуканал” маншаъ мегирад.

Ба қавли раиси шаҳри Хуҷанд, ки барои пайдо кардани манбаи асосии бӯйи ғализи дар шаҳр буда, комиссия ташкил карда шудааст , интизор мешавем, ки кай ин мушкилии маҳаллаҳои дар боло зикр гардида ҳалли худро пайдо мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД