formula
Ду кас фавтиду як нафар беҳуш аст
637

 

Дар ноҳияи Зафаробод, бо сабаби заҳролудшавӣ аз гази оксиди карбон ду нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон қарор дорад ва духтурон вазъи саломатиашро ваҳим гуфтаанд.

Ин ҳодиса рӯзи 16-уми августи соли ҷорӣ дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки ҳангоми ворид шудан аз партоб гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд.

Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст. Сабаби ҳодиса дақиқ нест, эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯбарӯ шуда бошанд.

Бино ба иттилои расида яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввали сокини кӯчаи Н.Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд. Ҳарду оиладор ва соҳиби фарзандон. Сеюмӣ, ки ҳамоно дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи айнии шаҳраки Зафаробод будаааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД