sebiston july new
Ду хоҳиши Майсараи гирён аз Пешвои Миллат (Видео)
29046
Ду хоҳиши Майсараи гирён аз Пешвои Миллат (Видео)

Майраса Ҳилолиева се сол боз ҳамроҳи се фарзанди ятимаш дар як мавзеи нообод ва пур аз партову ифлосиҳо, дар як вагони фарсуда зиндагӣ мекунад.

Дар фасли тобистон дар ин вагони шалақ, ки ҳатто дар надорад, кас аз гармӣ нафасгир мешавад, айёми тирамоҳу зимистон бошад, барфу борон ба хона даромада, он қадар хунук мешавад, ки тамоми аъзои бадани кас ба сӯзиш медарояд. Ин зани бетолеъ зиндагии бисёр қашшоқона дорад ва мегӯяд, рӯзҳое мешаванд, ки фарзандонаш ҳатто нони хӯрдан намеёбанд.

 


Дар музофоти Сичуани Хитой дар яке аз таваллудхонаҳо тифли ғайриоддӣ ба дунё омад.

QSgULD87h8sd5WfXirjQgg3mJdZNTokiikFK9i0F


 


 


Набудани шароитҳои одитарини зиндагӣ Майсара ва бачаҳояшро ба чандин бемориҳо гирифтор намудааст, аммо касе ба доди ин зани бе пушту паноҳ намерасад. Майсара Ҳилолиева мегӯяд, намояндагони ҷамоати деҳотӣ Чиптеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳолу аҳволи ӯ хабардор бошад ҳам, ягон бор дари кулбаи фақиронаашро намекӯбанд. Духтури маҳалла бошад, боре ҳам аз аҳволи кӯдакони бемори ӯ пурсон намешавад, чунки ба қавли худи зан, “одами камбағал дар ин замона ба касе даркор нест... (Видео)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД