Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ шаҳрванд Майнаева Фариштамоҳ, соли таваллудаш 1978, дастгир карда шудааст.
Нисбати номбурда бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин гардидааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, инчунин Файзов Милебой зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шудааст.
Нисбати номбурда низ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардидааст.