Arzon march 2024
Ду рӯз дар ҷумҳурӣ борони пуршиддат меборад
638

 

 

Рӯзҳои 24-25-уми май бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад. Эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод.

Дар робита ба ин КҲФ ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.

Кумита хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, худдорӣ аз ҷамъоварии забӯруғҳо, алафҳои дорувор, ҳезум, рафтан ба моҳидорӣ ва шикор ба манфиат аст.

Инчунин, ин ниҳод таъкид кардааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД