Commerc banl
Дубли Месси ба “Интер Майами” ғалаба овард
03.03.2026
Oila.tj
66

Дар варзишгоҳи “Эксплория” дар шаҳри Орландои ИМА бозии навбатии мавсими муқаррарии MLS миёни дастаҳои “Орландо Сити” ва “Интер Майами” баргузор шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, меҳмонон бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардидаанд. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни бозӣ мизбонон бо ҳисоби 2:0 пешсаф будаанд.

Дар ҳайати ғолибон Матео Силветти, Теласко Сеговия (1 гол ва 2 ассист) ва Лионел Месси (дубл) кардаанд. Аз ҷониби мизбонон Марко Пашалич ва Мартин Охеда муаллифи голҳо шудаанд.

Нимҳимоятгари аргентинӣ Родриго Де Паул тамоми 90 дақиқаро дар майдон сипарӣ кард, аммо амали самаранок надошт. Ҳамлагар Луис Суарес ба рӯйхати иштирокчиёни бозӣ шомил набуд.

Дар бозии навбатии MLS “Орландо Сити” 7-уми март дар сафар бо “Ню-Йорк Сити” бозӣ мекунад. “Интер Майами” 8-уми март меҳмони “Ди-Си Юнайтед” хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД