formula
Дучархаронро пахш карду...
1086


Ронандаи мошини боркаши тамғаи “Шакман” ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дучархаронро пахш кардааст.

Тавре вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, рӯзи 15- майи соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30-дақиқа, Фирӯз Гулов, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи “Шакман”, ки сокини шаҳри Душанбе мебошад, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Акрам Сафарови 32 сола, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД