Commerc banl
Духтараки нобиное, ки 160 китоби бадеъӣ хондааст ва 190 ғазалро аз ёд медонад
04.03.2026
Фирӯза
67

Духтараки нобиное, ки 160 китоби бадеъӣ хондааст ва 190 ғазалро аз ёд медонад
Шукрона Икромиддинзода, хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор буда, аз модар нобино ба дунё омадааст, вале ҳарчанд чашмонаш аз тамошои ин дунёи зебо маҳрум бошанд ҳам, дили зебопарасте дорад.
Ба нобиноияш нигоҳ накарда, ин духтараки фарҳангдӯст 160 китоби бадеъиро мутолиа намуда, 190 ғазалро ҳифз кардааст, илова бар ин, порчаҳои алоҳидаро аз достонҳои маъруфи шоирони классик ва муосири тоҷик аз ёд медонад.
Шукрона мегӯяд, ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқу завқи зиёде дошт ва асарҳои насриро бо хати Брайл мутолиа менамуд, шеър ва ғазалҳоро бошад, тавассути гӯш кардани фиттаҳои овозӣ аз худ намудааст. Шукрона ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқу завқи зиёде дорад ва яке аз донандагони забони англисӣ мебошад.
Соли 2025 Шукрона Икромиддинзода дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” дар наминатсияи “Адабиёти муосир” сазовори ҷойи сеюм гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД