Салом ба аҳли қалам ва хонандагони гиромӣ. Ман як падари тоҷик ҳастам, ки солҳо боз дар ғурбат зиндагӣ мекунам. Мехоҳам рози диламро бо шумо дар миён гузорам, шояд сухани ман барои дигарон дарси ибрат шавад ва ё касе ба ман маслиҳати дуруст диҳад.
Мо чанд сол мешавад, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ дорем. Зиндагии муҳоҷират осон нест, аммо бо заҳмату сабр рӯзгорамонро пеш мебурдем. Орзу доштам, ки фарзандонам хушбахт бошанд ва аз ранҷу машаққате, ки ман кашидам, дур монанд. Хусусан духтарам — нури дидаи ман, ки бо ҳазор орзуву умед ба воя расондам.
Як моҳ пеш ӯро ба як ҷавони ҳамватан, ҳамдеҳаамон, ки низ дар Русия кор мекард, ба шавҳар додем. Падари домод дӯсти наздикам буд. Солҳо ба ӯ бовар доштам, нону намак хӯрда будем. Аз ҳамин сабаб, бе ягон гумон духтарамро ба хонадони онҳо супоридам. Фикр мекардам, ки фарзанди ман дар дасти одамони шинос ва боэътимод хоҳад буд.
Аммо, афсӯс, баъд фаҳмидам, ки бовар ҳамеша кафолати амният нест.
Маълум шуд, ки домод дар муҳоҷират ба шароб дил баста будааст. Падараш ин сирро аз мо пинҳон доштааст. Шояд фикр кардааст, ки баъди тӯй ҳама чиз ислоҳ мешавад. Аммо чунин нашуд.
Ҳанӯз се рӯз аз тӯй нагузашта буд, ки домод духтарамро бераҳмона латукӯб кардааст. Вақте ин хабарро шунидам, гӯё ҷаҳон ба сарам чаппа шуд. Духтарам, ки аз хурдӣ каме бемории дил дошт, аз зарбаҳои сахт карахт шуда, ба беморхона афтод.
Он лаҳзаҳо барои ман мисли қиёмат буданд. Падари зинда бошиву фарзандат дар бистари беморхона бошад... Ин дардро танҳо касе мефаҳмад, ки онро таҷриба кардааст.
Хушбахтона, баъди табобат саломатиаш каме беҳтар шуд. Аммо дар дилаш захме боқӣ мондааст, ки шояд солҳо давом кунад. Вақте бо ман суҳбат кард, гуфт: “Падар, ман дигар бо ин мард зиндагӣ намекунам”.
Баъди ин ҳодиса домод гӯё ба худ омада, шаробро тарк кардааст. Падараш низ омада, бо зориву илтиҷо мегӯяд: “Як бори дигар имконият диҳед, писарам ислоҳ мешавад”.
Аммо саволе маро ором намегузорад: “Оё ман ҳақ дорам, ки ҷони фарзанди худро ба умеди “ислоҳ шудани” як инсон боз ба хатар гузорам?”.
Хешу табор, шиносон ва ҳатто баъзе дӯстонам мегӯянд: “Хонаи духтаратро вайрон накун. Ҳар оила мушкил дорад. Сабр кунед”.
Аммо ман ба худ савол медиҳам:
- Оё зӯроварӣ “мушкилоти оддӣ” аст?
- Оё латукӯби як занро метавон бахшид ва фаромӯш кард?
Ҳоло ба ин суолҳо посух пайдо накардаам...
Бигзор қиссаи ман барои дигарон дарси ибрат шавад. Пеш аз додани духтар, на танҳо ба сухани одамон, балки ба рафтору зиндагии ҳақиқии онҳо диққат диҳед.
Бо эҳтиром, ШОКИР, муҳоҷир