Духтарчаи 2-солае, ки 41 килограмм вазн дорад
11.10.2025
Oila.tj
183

Дар Чин тифлаке бо номи Панг Я метавонад унвони «фарбеҳтарин кӯдак»-ро соҳиб шавад. Ӯ ҳамагӣ 2-сола аст, аммо вазнаш ба 41,2 кило расидааст, ки ба вазни миёнаи як зани калонсол баробар аст.

Волидонаш аз саломатии тифлак сахт нигаронанд. Ба гуфтаи онҳо, духтарак мисли кӯдакони дигар ғизо мехӯрад ва ҳангоми таваллуд низ вазни муқаррарӣ дошт. Бо вуҷуди машваратҳои зиёд бо диетологҳо, эндокринологҳо ва мутахассисони ғизои кӯдакон, сабаби фарбеҳии ғайримуқаррарӣ то ҳол номаълум мондааст. «Мо бисёр метарсем, чунки духтарамон хеле хурдсол аст»,- мегӯянд падару модараш.

Тибқи таҳқиқоти охирини давлатии Чин, айни замон тақрибан 60 миллион сокини кишвар аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД