goodwell
Духтарчаи 4-сола Парчами Тоҷикистонро парафшон карда, соҳиби мукофот шуд
60

Тарбияи ҳисси ифтихори ватандорӣ аз овони кӯдакӣ сар мешавад. Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори духтарчаи 4-сола Фотима Абдуллозода мебошад, ки Парчами Тоҷикистонро аз замин бардошта, соҳиби мукофот гашт.

Фотима Абдуллозода сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мебошад. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бар асари шамолҳои сахт Парчами давлатӣ аз симчӯб канда шуда, ба замин афтодааст. Фотимаи хурдсол онро чолокона аз замин бардошта, парафшон кардааст.

Навори парафшон кардани Парчам аз ҷониби як кӯдаки хурдсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, мавриди таҳсини корбарон қарор гирифт. Мақомот ин амалро нишонаи тарбияи дурусти фарзанд ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ шуморида, волидони Фотима Абдуллозодаи 4-соларо бо сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД