sebiston july new
Духтаре, ки 15 сол ҷавонтар менамояд
1004


Аксаран бонувон хеле мехоҳанд аз синну соли худ ҷавонтар намоянд, вале барои Аболи Ҷарит ин кор хеле осон даст медиҳад. Сокини
Нагпури Ҳиндустон ба назар кӯдаки 6-соларо мемонад, ҳол он ки аллакай 19 сол дорад.

Дар давраи кӯдакӣ духтарак гирифтори рахити гурда гашта буд ва ин бемории нодир на танҳо боиси иллати гурда, балки сабабгори аз афзоиш мондани устухонҳояш гашт. Бо мурури вақт устухонҳои Аболи заифтар шуда, духтарак аз роҳгардӣ монд. Азбаски духтарак хеле рақсиданро дӯст медорад, аз гирифтор шудан ба ин беморӣ сахт руҳафтода гардид.

Бо вуҷуди ин, Аболи умедашро аз шифо ёфтан намеканад ва хеле мехоҳад, ки актрисаи Болливуд ва Голливуд шавад. Бояд қайд намуд, ки духтарак хеле ҳунарманд ва зебо аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД