toyota motors
Духтари бангӣ (ҚИСМИ 2)
335

Рӯзи сеюм, вақте падар бо як халта мева ва умеди зиёд ба шифохона омад, ӯро хомӯшии вазнине пешвоз гирифт. Кати Суман холӣ буд. Духтараш дар шуъбаи эҳё буд. Баъди соате ӯ бо дили пурармон ин дунёро тарк кард.

​Падар ба ҳавлӣ бо мошине, ки ҷасади духтараш дар он буд, баргашт. Модари бемор дар бистар бо чашмони пур аз ашк ба дари хона нигоҳ мекард. Ӯ сухан гуфта наметавонист, вале нигоҳаш мепурсид: Суман куҷост?

​Падар сарашро хам кард:

- Суман. Сумани мо хазон шуд, занак. Гул буд, вале боди бераҳми нашъа ӯро аз реша канд.

Вақте хабари марги Суманро оварданд, модар ҳатто дод назад. Танҳо аз гӯшаи чашмаш як қатра ашки гарму шӯр ҷорӣ шуд ва ҳамон замон нигоҳаш дар як нуқта шах шуд. Қалбе, ки барои фарзанд метапид, аз ин зиёд тоқати хиёнати тақдирро накард.

Нашъамандиро марги сафед мегӯянд, вале дар асл он сиёҳтарин саҳифаи умр аст, ки на танҳо як нафар, балки тамоми сутуни як хонадонро мешиканад.

​Дар як ҳафта ду тобут аз ин ҳавлӣ баромад. Деҳа дар мотам ғарқ буд. Одамон пичир-пичир мекарданд:

- Эҳ, Наҷмиддин, духтаратро ба куҷо фиристодию чӣ шуда буд?

Нашъа на танҳо Суманро кушт, балки модарашро ҳам бо худ бурд.

Падар, ки акнун мӯйҳояш дар як ҳафта барф барин сафед шуда буданд, назди ду қабр дар талу теппаи деҳа нишаста буд. Ӯ бо каланд хокро ҳамвор мекарду мегуфт:

- Оҳ, Суман, оҳ, гули навхазони ман. Агар медонистам, ки дар он шаҳрҳои калон гургони одамхор дар камини ту ҳастанд, ҳеҷ гоҳ аз канорам дур намекардамат. Акнун дар канори модарат ором бихоб. Ин замин шояд туро бубахшад, вале ман худро ҳеҷ гоҳ намебахшам.

Ҳамин тавр, як оилаи обод қурбони як лаҳзаи хушии дурӯғин ва беэҳтиётии волидайн шуд. Садҳо Суманҳои дигар имрӯз шояд дар ҳамон роҳи хатарнок бошанд.

Бод дар байни қабрҳои кӯҳнаи деҳа валвала мекард, гӯё арвоҳи гузаштагон бо ҳам роз мегуфтанд. Бобои Наҷмиддин бо дастони аз кору ғам кафидааш хоки тару тозаи гӯри Суманро сила мекард. Дар паҳлуи он қабри модари ҷавонмаргаш Соҷида, ҳанӯз бӯйи хоки тару тоза медод.

​Ӯ қомати хамидаашро рост карду ба уфуқи дур, ба сӯйи ҷавонони деҳа, ки дар майдон машғули бозӣ буданд, нигоҳи пурҳасрате афканд. Гӯё мехост бо овози баланд фарёд занад, то дунё бишнавад:

- Эй фарзандони ман,- пичиррос зад ӯ,- вале садояш дар гӯши ҷонҳо танинандоз буд.

Бубинед, ин ҷо на танҳо ду ҷисм, балки тамоми орзуҳои як хонадон дафн шудаанд. Шумо, ки мисли ниҳолҳои навхез дар боғи зиндагӣ қад мекашед, ҳушёр бошед.

Он гарди сафед, ки баъзеҳо доруи фаромӯшӣ ё калиди шодӣ меноманд, дар асли худ заҳри ҳалоҳил аст. Он аввал иродаро мехӯрад, баъд имонро ва дар охир ҷонро. Нагузоред, ки як лаҳзаи бехабарӣ баҳори умратонро ба хазони абадӣ табдил диҳад.

​Модару падар бояд боғбони ҳушёри гулзори худ бошанд. Фарзандро ба амони киву куҷо насупоред. Русияву дигар кишварҳо барои кор ҳастанд, вале барои ҷавони бетаҷриба домҳои зиёде доранд.

​Падар даст ба дуо бардошт. Ашкҳои ӯ ба хоки қабр чакида, онро тар мекарданд:

- Худоё, ҳеҷ падареро бо доғи фарзанд имтиҳон накун. Бигзор марги Сумани ман охирин қурбонии ин вабои аср бошад. Бигзор ҳеҷ модаре аз дарди пинҳони фарзандаш мисли Соҷидаи ман забонбаставу дилшикаста аз дунё наравад.

​Офтоб аз паси кӯҳҳо ғуруб мекард. Сояи дарози бобои Наҷмиддин дар рӯйи замин кашида шуд. ӯ оҳиста-оҳиста ба сӯйи ҳавлии холиву хомӯшаш равон шуд. Акнун дар он ҳавлӣ на хандаи Суман буд ва на садои ҷорӯби модар. Танҳо як дарси талх монда буд: Ҳаёт як бор дода мешавад ва онро набояд дар қиморхонаи нашъа бохт.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД