shoh palace
Духтари бохтарӣ худро аз ошёнаи 16-ум партофтанӣ буд
852

Тибқи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ин ниҳод як духтари 25-соларо, ки мехост худро аз ошёнаи 16-ум ба замин партояд, наҷот доданд.

Дар хабар омадааст, ки 28-сентябри соли 2022 як сокини шаҳри Душанбе занг зада хабар додааст, ки духтари ҷавоне мехоҳад аз ошёнаи 16-уми ин бино худро ба зер андозад ва худкушӣ кунад.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷот ва равоншиноси Дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе эъзом шуд.

Духтари 25 сол, ки мехост худашро ноуб созад, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон будааст. Вай дар қоши иморат истодаву касеро намегузорад наздик ояд ва таҳдид мекард, ки худашро хоҳад кушт.

Наҷотдиҳанда-равоншинос бо ӯ вориди гуфтугӯ шуд ва бо ин васила диққати ӯро ба худ кашид. Аз ҳар хусус бо назардошти вазъи равонии духтари ҷавон муколама кард.

Дар ин асно дигарон оҳиста ба боми бино боло шуданд. Онҳо аз тирезаи утоқи дигар ноаён худро ба пеши духтар расонданд ва амалиёти наҷот соати 02:42 дақиқа анҷом ёфт.

Имдодгарон ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд, то сабаби ба ин кор даст заданаш таҳқиқ шавад. Тибқи маълумоти аввалия яке аз сабабҳои ин тасмим моҷарои хонаводагӣ будааст”.

Чаро худкушӣ ва суйқасд меафзояд?

Мувоқи маълумоти оморӣ сол то сол теъдоди ҷиноятҳои худкушӣ ва суйқасдӣ он дар кишвар зиёд шуда истодааст.

Маъмулан занону духтароне, ки ба мушкилоти равонӣ ва хушунати оилавӣ дучор мешаванд маҳз бо роҳи худовезӣ ва ба дарё сарозер шудан риштаи умри худро мекананд. Масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кор бо занон сабабҳои зиёдшавии ин гуна ҳодисаҳоро бештар маврид ба “гирифтор шудани худкуш ба бемории руҳӣ” рабт медиҳанд. Аммо сокинони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нуқтаи назарро қобили қабул намедонанд.

Набудани равоншинос, шароити пасти иқтисодӣ, ки дар бештари маврид сабаби муноқиша ва хушунати хонаводагӣ мегардад, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо аксар маврид аз сабаби муноқишаҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ, ишқу ошиқии ҳавову ҳавасӣ, яъне нокомиҳо дар ишқ, қарздорию дигар мушкилоти молӣ, даст ба худкушӣ мезананд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД